Тоҷикистони ҷавону соҳибистиқлол нав ба синни 27 даромадаву мустақилияти давлатиашро ба даст гирифтааст. Ҳамин буд, ки баробари дигар давлатҳои мутараққии олам ба пеш, ба роҳи ободиву озодӣ рушду тараққиёт мунтазам қадам мезанад, ки ин ифтихори тамоми мардуми хештаншиноси миллати кӯҳантамаддуни тоҷик мебошад. Зеро ин неъмате, ки Худованд барои бахти миллати мо ҳадя кардморо аз вартаи ноумедиҳову шикастҳо баровард. Барои мардум рузи нишоту ҳаёти ободу осударо фароҳам овард.

Вале, бо таассуф иброз менамоям, ки имрӯз боз як қабил афродони хиёнаткору фиребгар ҳамаи ин озодиву ободӣ ва ин мустақилияти давлати  комилҳуқуқамонро пушти по зада, фирефтаи ду танга пули ночиз ва ё ҳар гуна суханҳои бардурӯғу ифротгароёнаи хорижиён гаштанд ва маҳз барои манфиати он хожагонашон аз миллати аз авлоди хеш аз мансабу аз обрӯву эътибори хеш сарфи назар нмуданд ва дар ниҳоят роҳи худро дар чаҳорсӯи зиндагӣ гум намуданд. Дуруст ба мисоли намояндагни ТЭТ ҲНИ аз роҳбари гурезпояш Кабирӣ то шигирдонаш, ки имрӯз якчо ҳамаашон худро босмачиёни оянда эълон кардаанд.

Дар ҳақиқат боиси таассуф аст, ки ба чунин ташкилотҳои иртижоӣ хосатан ҷавонони мо ба фиребу найранги бардурӯғи хоҷагони беруна бовар намуда, имрӯз ба хотири ҳеҷ як чизи нодаркор худро дар майдони бесару сомони дигар мамоликҳои дунё мебинанд. Магар эшон дар зиндагӣ дигар орзуву омол ё ёру бародар  ва модару фарзанд надоранд, ки бидуни андеша ба чунин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароёна шомил гардида, амнияти ҳаёти худ ва хешу ақрабояшро дар хатар мегузорад. Афроди комилақл наметавонад ин корро кунад, зеро ҳар як сухану ваъдаҳое, ки гурӯҳҳои мухолифин мегӯяд ба зиндагии орому осоиштаи мо зарар меорад, на нафъ.