Миллати куҳантамаддуни тоҷик аввали солҳои навадуми қарни гузашта бар асари ҷанги бародаркуш азият мекашид ба фано мерафт, қувваҳое буданд, ки моро ба вартаи нестӣ мебурданд. Махсусан, бархе аз “исломдӯстон” барои пош додани мардуми сарҷамъу муташшаккил камар бастанд. Чи қадар рӯзҳои сахту сангин ва фаромӯшношуданӣ. Чи қадар ваҳшоният ва шармандагиҳо, ки бародар сӯи бародари худ тир мекушояд. Ҳазорон қалби модарон шикаставу кӯдакпони бегуноҳ ятим монда.

Хушбахтона, ки бар сари фарзандони қавми тоҷик сарваре омад, ки ба дилу дидаҳо бо нури раҳмониаш шӯълаи уммед пошидаву оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш сохт. Ҳамин тариқ дар муддати кутоҳ миллати тоҷик ба Истиқлолият, Ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу амонӣ шарафёб гашт. Барои тамоми мардуми сарбаланди тоҷик озодӣ аз ҳама чиз авлотар аст, зеро ин неъмати бебаҳоро ба мушкилӣ ба даст овардаву ба ягон неъмати дунё иваз нахоҳем кард.

Тоҷику Тоҷикистониён худ мардуми босаводу бофарҳанганд ва медонанд, ки кадом роҳ барои зиндагии шоистаи мардум ҷоиз аст. Аз ин рӯ ягон ҳоҷате вуҷуд надорад, ки мардумро бо чунин суханони фитнаангез ва дурӯғини наҳзатиҳо, ки эшонро алайҳи якдигар шӯронида, вазъи оромиро муташанниҷ гардонанд.

Шумо мехоҳед ё намехоҳед, аллакай маррдуми имрӯза сабақи қтаърихии асри гузаштаро дар зеҳнаш хуб сабт кардааст ва онро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, зеро фарҳанги миллати тоҷик фарҳанги озодихоҳу сулҳҷуй аст, ҳамон ахлоқу, ки онро дини ислом тарбият мекунад.

Мардуми азизи мо имрӯз бояд донанд ин Сулҳу Ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пеш рафта истодааст.

Мо мардуми бофарҳангу соҳибтаммадун ва қавиирода ҳастем. Ба нафаре чун хоини миллат бар зарари мардум рафторҳои нохалаф кардааст, дар ин марз ва дар миллати мустақил роҳ нахоҳем дод ва афкори он нафаронро ҳатто дар зеҳни худ ҷой ҳам намекунем. Зеро мо тоҷикем, вориси арзандаи Сомониву ибни Сино ва Фирдавсии бузургвор ҳастем. Ному насаби мо тоҷикист, оҳанги шеъру сухану лафзи модариамон тоҷикист. Ва шумо наҳзатиҳо бояд донед, ки ақидаҳои бегона, урфу одатҳои бегона ва арзишҳои бегонаро дар миллати мо ҷой карда наметавонед. Чунки мо ба ин иҷозат нахоҳем дод. Мо медонем ва дида истодаем, ки оқибати ба афкороти бегона майл намудани наҳзатиҳо садҳоро бадбахту сарсон кард. Ва ҳатто худи роҳбарони наҳзатиҳоро низ ва акнун ин дасисабозиҳои шумо танҳо василаест барои худсафедкунии худатон. Ба мисоли Мирзои Салимпур, ки ба ҳадде дар сомонаи “Ахбор.ком.” худро ситоиш намудааст. Яқин медонам, ки сомонаи худашро минбари озоди худ дониста, аз худ “мусичаи бегуноҳ” тарошидааст. Ин наҳзатиҳо оғоз аз роҳбар ҳамаашон ҳамингунаанд.

Бисёр кам мондааст, ки хоҷагонатон низ аз истифодаи шумо дилбазан гашта, шуморо ба холи худ хоҳанд гузошт. Он вақт дарк хоҳед кард, ки ВАТАН чи қадар муқаддас аст. Ва хоки он барои ҳар як шахс бисёр азиз аст.

Раҳимов А.А., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд