Бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ махсусан каронавирус дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ тадбирҳои муҳим пиёда карда мешаванд.
Дар рӯзҳои истироҳатии ҳафтаи сипаришуда дар биноҳои асосиву таълимӣ, хобгоҳу китобхонаи донишкада корҳои безараргардонӣ ташкил гардида, долону синфхонаҳои таълимӣ низ бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ тамиз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ҳама биноҳои маъмуриву таълимӣ ва хобгоҳи донишкада эълону варақаҳои иттилоотии пешгирикунанда аз бемориҳои сироятӣ васлу насб гардидааст, ки он ҳушдор медиҳад то кормандону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ аз хавф ва сироятёбии ин қабил бемориҳо ба таври зарурӣ огоҳ гарданд.
Зимни боздид аз хобгоҳи донишкада мушоҳида гардид, ки дар инҷо низ корҳои пеҳшгирикунанда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Донишҷӯёни хобгоҳ беш аз пеш ба тозаву озодагӣ диққати баланд дода, долону равзанаҳои хобгоҳ ва утоқҳоии хешро тозаву озода менамуданд. Раёсати донишкада маҳлул ва дигар лавозимоти зарурии пешгирикунандаро ба онҳо муҳайё намудааст.
Бо супориши директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ дар ҳамаи факултетҳо як ададӣ ва дар хобгоҳи донишҷӯён ду адад ҳуҷраи иззолиятсионӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадани донишҷӯ то омадани духтурон дар он нигоҳ дошта мешаванд.
Ҳамарӯза толору долонҳои раёсат ва факултетҳои донишкада бо маҳлулҳои махсуси зиддивирусӣ поккорӣ карда шуда, дар даромадгоҳҳо навбатдорон ба таври ҳамешагӣ ба тозаву озодагӣ эътибори ҷиддӣ медиҳанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки устодону донишҷӯён бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус дар тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи кору таҳсил ва хобгоҳ ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намуда истодаанд.