Дар ҷамъияти мо мутаассифона аксаран, хоса ҷавонон перомуни масоили диниву дунявӣ дониши қазоӣ надоранд, ба осони фирефтаи ҳилаву найрангҳои равияҳои бадхоҳу ифротгаро мешаванд. Онҳо намедонанд, ки Худованд аз мардумозорӣ безор аст. Ростӣ, барои мо басо шигифтовар ва дарднок буд, вақте тавассути васоити ахбори умум як зумра ҷавонони мамолики хориҷӣ ба равияҳои гуногун дохил шуда, худро “мусулмони комил” гирифта, мардумро ба ҷиҳод даъват менамуданд. Баръакс, онҳо ба ин корашон ба дахшатафканиву ноором сохтани чомеа мусоидат карда, фазои осоиштаро ноҳинҷор месозанд. Оё дар ягон китоби муқаддаси динӣ гуфта шудааст, ки қатли инсон савоб аст?

     Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки: “номи поки исломро бо зухуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст. Тамоюли торафт кувватгирифтаистода ва сиёси намудани ислом фақат бар зарари он сурат гирифта, дар назди оламиён симои поки аҳли онро манфур намоиш медиҳад”. Суоли матраҳ ин аст, ки мо чӣ тавр бояд сари роҳи чунин амалҳои нангинро бигирем. Фикр мекунам, қабл аз ҳама, дар ин масъала бояд ба тарбияи насли наврас аҳамияти хоса зоҳир намоем. Падару модаронро мебояд, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ тамоми бандҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи  фарзанд” - ро дар амал татбиқ кунанд. Зеро чуноне ки маълум аст, танҳо шахси солим бо мулоҳизаи солими хеш метавонад, ки таҳаввулоти сиёсию иҷтимоии рӯзро дар тарозуи ақл санҷида, ба манфиати давлату миллати худ фаъолият намояд.

 Корҳои тарбиявиро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, хоса, дар мактабҳои маълумоти миёнаи умумӣ тақвият бахшидан зарур аст. Шогирдон бояд дар руҳияи худшиносӣ, ватанпарастӣ ва инсонгароӣ тарбия ёбанд. Барои баланд кардани сатҳи саводнокӣ ва маърифати динии ҷомеаи мамлакат тадбирандешӣ менамояд. Ҷавонон аз донистани таълимоти дини не, баръакс, аз ҳуруфот ва бесаводию каммаърифатӣ даст ба ҷиноят мезананд. Бояд ҳангоми тартиб додани нақшаҳои таълимӣ, аз ҷумла, соатҳои тарбиявӣ ба ин тарафи масъала низ диққати ҷиддӣ дода шавад. Яъне, бештар ба мавзӯҳое рӯ биёрем, ки аз боби маҳкум кардани терроризм ва дӯст доштани ватану меҳани худ қисса кунанд.

 

Исмоилова С.К., устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд