Тоҷикистон, миллати кӯҳантамаддуну бофарҳанг ва ориённажод аст. Албатта ҳар қавлу миллат ба хотири гиромидошти арзишҳои олии меросӣ талош менамояд, то ҳамеша ҷовидону пойдор гардад. Маҳз чунин хиради азалии ватандӯстонаи мардумони оқилу донои тоҷик аст, ки миллати мо тӯли қарнҳо арзи ҳастӣ намуда, рӯз то рӯз мақому манзалати хосеро дар арсаи ҷаҳонӣ касб намудааст. Хуш ба ҳоли миллати мо, ки имрӯз дар сари қудрат сарваре доре, ки ба хотири мардум ва осоиштагии эшон бо ҳама гуна чораву тадбирҳо ҳидоятгар ҳастанд.

Мо ҳама хуб медонем, ки қисми зиёди мардумони Тоҷикистон ҷонибдор ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, фаъолияти ин азҳобро хеле хуб дарк менамоянд, зеро медонанд, ки ин ҳизб танҳо ҳомии сулҳу субот ва таъминкунандаи зиндагонии шоиста халқи тоҷик фаъолият мебарад. Маҳз дар ҳамин шароити зисту зиндагонии иқтисодиву иҷтимоӣ моро ҳушдор месозад, ки сиёҳро аз сафед фарқ намуда, баробари давлату Ҳукумати кишвар баҳри некуаҳолии мардум саҳми сазовори хешро гузошта бошем. Бар зидди душманони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки кафили амният ва сулҳу суботи ҷомеа аст, мубориза бурда, онҳоро танҳо бо амалҳои ободкоронаву созандагӣ ва ватандӯстона зарба занем. Вагарна он нохалафон дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кору фаъолият дошта бошанд  ҳам, ношукрӣ намуда, миёни мардумон ғавғо барангехтанӣ мешаванд.

Моро мебояд, ки дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша талош намоем, ки пеш аз ҳама ҷавононро дар руҳияи худогоҳии миллӣ ва меҳнатпарастӣ роҳнамун созем, зеро ҷавонон нерӯе мебошанд, ки ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар дасти онҳост ва пойдориву устувории ваҳдати миллиро танҳо насли фардои замон метавонанд, таъмин намоянд. Албатта ҳар яки мо ба ҷавонони Тоҷикистон бовар дорем, зеро ҳамаи онҳо худшиносу худогоҳ буда, миллатамонро аз дасти хоинону душманонаш ҳамеша эмин хоҳанд дошт.

 Роҳат Низомиддинова, устоди ДПДТТ дар шаҳри Хуҷанд