Дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон  дар мадди аввал қарор мегирад. Мо борҳо шоҳид шудаем, ки Сарвари давлат зимни сафарҳои кории худ ба ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ ҳатман аз рӯзгори ятимону бепарасторон ошноӣ пайдо намуда, шодишарики тантаҳои онҳо мегарданд. Ин амали инсонпарваронаи Роҳбари давлат дар ҷомеа  мавриди пайравӣ қарор мегирад.

Барои боз ҳам тақвият ёфтани амалҳои хайру эҳсонкорӣ Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа дар арафаи моҳи шарифи Рамазон санаи 12 май аз тамоми сокинони ҷумҳурӣ, хосса, роҳбарони ташкилоту идораҳо, саховатмандону хайрхоҳон даъват ба амал оварданд, ки дар ин моҳи муборак амалҳои хайру савобро бештар намуда, аз ҳолу аҳволи камбизоатон, мӯйсафедону барҷомондагон, ятимону  кӯдакони бесаробон монда бохабар гарданд.  Зеро онҳо низ узви ҷомеа ҳастанд ва ҳаққи зиндагии шоистаро доранд. Ин амал барои баланд бардоштани қадри инсон, эътимоду боварии ин қишри ҷомеа ба давлат мегардад.

Вобаста ба дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат бо роҳнамоии директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода донишҷӯёни  курси 2-и гурӯҳи 25.01.07-и факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ дар рӯзҳои таҷлили иди саиди Фитр аз рӯзгори бошандагони Хона- интернати беморони руҳии ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан карда, ба онҳо маводи ғизоиву пӯшока тақдим карданд. Ҳамчунин давоми рӯз онҳо аз ҳоли се нафар шахсони камбизоату танҳои сокинони Хуҷандшаҳр дидан карда, ба онҳо низ маводи хӯрокаву пӯшока доданд.

 Бояд гуфт, ки чунин иқдомҳои инсондӯстона дар донишкада мунтазам доир карда шуда, донишҷӯён худ ибрати шахсӣ нишон медиҳанд. Чунончи донишҷӯёни гурӯҳи дар боло зикршуда давоми як моҳ дар факултет сандукҷаи хайриявӣ кушода, маблағҳои ҷамъшударо ба чунин корҳои хайру савоб сарф намуданд.