Он нафароне, ки пайваста аз иттилооти ҷаҳонӣ, хосса аз навигариҳои кишвари мо огоҳии комил доранд, медонанд, ки сомонаҳои «Паём - нет», «ксаадат.ком», «ислоҳ. нет» «ахбор.ком» барои кӣ сохта шудаасту хизмати киҳоро мекунад. Ин сомонаҳо минбари васеи паҳни мақолаҳои муғризонаи наҳзатиён буда, барои ин корашон аз хоҷагони пулҳои зиёде ҳам мегиранд. Аз ҷумла як чаласаводи оқипадар бо номи Алим Шерзамонов  чун чеҳраи ин сомона гоҳе «медурахшад». Ӯ дар мусоҳибаи охирини сохтаи худ давлатро ба он айбдор мекунад, ки гӯё бо истифода аз силоҳ мақомотҳои қудратӣ мардуми Бадахшонро тарсонда истодаанд. Ва беандешона зикр сохтааст, ки Бадахшон нуқтаи   охирини нишон додани қудрати Президент аст.

Бояд ба чунин нафрони кӯтоҳақлу сабукандеша гӯем, ки миёни халқ кайҳо нишон додани қудрат аз хотирҳо баромадааст. Президентро мардум чун падар, роҳнамо ва Пешвои худ мешиносанд. Ва беҳуда он касро Президенти мардумӣ эътироф накардаанд.

Ба Алим Шерзамонов гуфтанием, ки Бадахшон ҷузъи ҷудонашавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва фаъолияти мақомоти марбутаи соҳавӣ аллалхусус Кумитаи давлатии амнияти миллӣ низ ба хотири сулҳу суббот ва осоиштагии мардуми таҳҷойии ин минтақа аст. Ин амал танҳо ба хотири пешгирии ҷинояткорӣ ва талқини силоҳбадастон ба ҳаёти осоишта аст.

Ҳамаи мо хуб медонем, ки афзоиши гардиши маводи мухаддир дар Бадахшон ва заҳролудшавии ҷавонони ин минтақа аз истифодаи ин вабои ин аср назар ба солҳои пеш афзоиш ёфтааст. Ва ин нишондод аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохурӣ бо аҳли ҷамоатчигии ин минтақа садо дода, мавриди эроди ҷиддӣ қарор дода шуд. Мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ кори дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои қудратист. Ҳатто қарзи шаҳрвандии ҳар сокини ин ватан аст, ки барои таъмини осоиштагии аҳолӣ бояд саҳми арзанда дошта бошад. Шумо «муҳтарам» Алим Шерзамонов як шахсияти намуна ба ин вилоят нестед. Зеро шахсе, ки пайваста мавқеашро иваз мекунад, чӣ гуна  метавонад афкори бикр дошта бошад?.  

Рўи рост, туҳмат задан ба кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва сари онҳо бор кардани гардиши силоҳу маводи мухаддир, мусулмонии шумою шиорпардозии ҳаводоронатонро» буданатон зери шубҳа  аст. Ба Алтм Шерзамонов гуфтанием, ки ҳар чи қадар мо ба обрӯи Президент кӯшиши хати батлон заданӣ мешавем, ҳамон қадар обрӯи он кас боло меравад. Зеро худи мардуми Бадахшон аз Шумо барин «патриот»- ҳо кайҳост, ки безор шудаанд. 

Барои мардуми Бадахшон аз шумою ҳаракатҳои муғризонаатон дида амнияти давлату миллат болост. Ҳар иқдоме, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дилхоҳ нуқоти кишвар мекунад, бори дигар ёдовар мешавем, ки ба хотири ободию осоиштагии ватан аст, ки сокинон аз он хуш истиқбол мегиранд. Вале Шумо як чизро фаромӯш накунед, ки шояд имрӯзиён Шуморо ба хотири чунин  «дилсӯзиҳоятон» бахшанд, аммо таърих инро нахохад бахшид.   Чунки барои мо сулҳу шукуфоии Ватан аз ҳазорҳо маводи интишории Шумо болост.