• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент
Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент

Мудири кафедра: номзади илмҳои иқтисодӣ, Аминҷонова Муҳиба Муҳамаднасимовна

 

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ: economica_management@mail.ru

Суроға: шаҳри Хуҷанд, кучаи Исмоили Сомонӣ 226

Сомона: нест

 

Аз таърихи кафедра

Кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент кафедраи тахассусӣ мебошад. Фаъолияти кафедра аз рӯи модели муосири се зинагии таълим - бакалавриат магистратура докторантура (PhD) ба роҳ монда шудааст.

Кафедраи меъморӣ соли 2010 баъди якҷоя шудани филияали ду донишгоҳ ҳамчун кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолият намуда, аз руйи ихтисосҳои 1-250107-иқтисодиёт ва идора дар корхона ва 1-250103-иқтисодиёти ҷаҳонӣ мутахассисонро омода менамуд. Сипас, самти фаъолияти кафедра барои омода намудани мутахассисони дараҷаи магистр аз руйи ихтисоси 1-250107 иқтисодиёт ва идора дар корхона, 1-260201- бизнес маъмуриятчигӣ ва доктори PhD аз руйи ихтисоси 6D050700-менеҷмент низ равона гардид. Соли 2015 номи кафедра назарияи иқтисодӣ ва идора номгузорӣ карда шуда, соли 2019 дар натиҷаи дигаргуншавии сохтори донишкада кафедраи назарияи иқтисодӣ ва идора бо кафедраи иқтисоди соҳавӣ якҷоя мешавад ва то имрӯз ҳамчун кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент дар назди факултети информатика ва энергетика фаъолият бурда истодааст. 

 

 

Фаъолияти асосии кафедра

Фаъолияти асосии кафедра барои тайёр кардани мутахассисон аз руйи се зинаи таҳсилот равона шудааст:

Зинаи бакалавриат:

-         1-250107-иқтисодиёт ва идора дар корхона;

-         1-270101-иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот аз рӯйи самтҳо;

-         1-260203.23-логистика;

Зинаи магистратура:

-         1-250107-иқтисодиёт ва идора дар корхона;

Зинаи докторантура:

-         6D050700-менеҷмент.

Вазифаи кафедра таъмини таҳсилоти босифат мебошад, ки ба стандартҳои муосир мувофиқат мекунад.

Коллективи профессорӣ-омӯзгории кафедра 3 доктори илм, 1 дотсент 8 номзади илм, 5 омӯзгори калон, 4 ассистентро дар бар мегирад. 60 % омӯзгорон дараҷа ва унвонҳои илмӣ доранд.

Дар байни омӯзгорони штатии кафедра Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Академияи байналмилалии илмҳои муҳандисӣ, аълочиёни маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мебаранд.

Унсури ҳатмии раванди таълимии кафедра фаъолияти илмии омӯзгорон ва донишҷӯен мебошад. Гурӯҳи омӯзгорони кафедра тадқиқотеро анҷом медиҳанд, ки анъанаҳои мактабҳои илмии дар кафедра ташаккулефтаро, ки ба мушкилоти мубрами бахши воқеии иқтисодиети ватанӣ мутобиқ карда шудаанд, идома медиҳанд. Имрӯз коллективи кафедра тадқиқоти илмиро оид ба таҳқиқи омилҳои стратегӣ ва инноватсионии рушди устувори иқтисодиети минтақавӣ анҷом медиҳанд.

Мавзӯи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра "Омилҳои стратегии рушди устувори иқтисодиети минтақа" мебошад.

Аз ҷониби устодони кафкдра зиёда аз 90 дастури методӣ оид ба иҷрои корҳои амалӣ, китоби дарсӣ, барномаҳои таълимӣ ва дафтарҳои корӣ аз фанҳои тахассусӣ аз нашр баровардааст. Устодони кафедра муаллифони зиёда аз 300 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла байналмиллӣ, ҷумҳуриявӣ, дохилидонишкадавӣ, мақолаҳои аз тарафи КОА ва SCOPUS эътирофшуда, дар соҳаи иқтисодӣ мебошанд. Шогирдони устодони кафедра ҳамасола дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, дохилидонишкадавӣ ва намоишгоҳҳо бо лоиҳаҳо ва тадқиқотҳои илмии худ дар самти иқтисодӣ фаъолона иштирок намуда сазоворӣ ҷойҳои намунавӣ мегарданд.

 

Кормандони кафедра

Маълумоти мухтасари статистикӣ. Дар охир истинод/ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо

 

Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ

 

Самти асосии илмӣ-тадқиқотии кафедра "Омилҳои стратегии рушди устувори иқтисодиети минтақа"; "Тараққиёти инноватсионии минтақа дар заминаи рушди устувор (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавзӯи 5 – солаи кафедра мебошад.

Объекти тадқиқоти самти кори илмӣ ин рушди устувори иқтисодиети минтақавии Вилояти Суғди ҶТ мебошад.

Мавзӯи таҳқиқот омилҳои стратегии рушди устувори иқтисодиети минтақавии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба монанди: робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, рақобатпазирии кишвар, рақобатпазирии минтақа ва корхонаҳо, рақобатпазирии донишгоҳ, сармояи инсонӣ, фаъолияти инсонӣ, мушкилоти таваррум, омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, робитаи навоварӣ, маориф ва бозори меҳнат, баланд бардоштани сифати таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, дигаргунсозии маориф, тағйироти институтсионалӣ, механизмҳои иқтисодии идоракунии рушди устувор, масъалаҳои табдили рақамӣ ва иқтисоди сабз, рушди инноватсионӣ ва ғайра мебошад.

Фаъолияти байналхалқии кафедра

Устодони кафедра дар лоиҳаи байналхалқии таҳти мавзӯи “Коркарди консепсияи миллии таҳсилоти кооперативӣ” дар доираи лоиҳаи GIZ PECA бо мақсади омузиш ва ҷорӣ намудани элементҳои таҳсилоти дуалӣ дар раванди таълим “Коркарди барномаи таълимии кооперативии “Логистика дар истеҳсолоти хурокворӣ”” дар доираи лоиҳаи GIZ PECA бо мақсади аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаи таҳсилоти ихтисоси логистика, лоиҳаи байналмиллалии “Рақамикунонии иқтисодиёт баҳри рушди устувори Тоиҷикистон ва Украина” дар доираи лоиҳаи Erasmus+ бо мақсади густариш додани иқтисоди рақамӣ ва рақамикунонии раванди таълими ихтисосҳои зинаи магистратура ва докторантура иштирок мекунанд.

 

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат

1-250107 - Иқтисодиёт ва идора дар корхонаҳо. Иқтисодчӣ, менеҷер, маркетолог, иқтисодчии соҳаи савдо, мутахассиси сармоягузорӣ, муҳосиб, аудитор, агенти савдо дар корхонаҳои давлатию хусусӣ.

1-270101 - Иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (аз руйи самтҳо). Иқтисодчӣ – таҳлилгар, муҳандис-иқтисодчии шуъбаи истеҳсолӣ-техникӣ, муҳандис оид ба ташкил ва идоракунии истеҳсолот, нозири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, муҳандис-иқтисодчӣ дар соҳаи нақлиёт ва энергетика, мутахассис оид ба: таъминоти моддӣ-техникӣ, мутахассис оид ба идоракунии лоиҳаҳо.

1-26020323 - Логистика. Мутахассиси назорат ва идоракунии ҳаракати захираҳои мол, ташкили раванди оқилонаи таблиғи молҳо ва хидматҳо аз молрасон то истеъмолкунанда. Соҳаи фаъолияти логистик метавонад таъмини фаъолияти соҳаи муомилоти мол, хизматрасонӣ, маҳсулот, ташкил ва мустақиман фароҳам овардани инфрасохтори гардиши молро дар бар гирад.

 

Барномаҳои таҳсилотии магистратура

 

ü 1-250107m - иқтисодиёт ва идора дар корхона

Мутахассиси дараҷаи магистри иқтисодӣ аз руйи ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона.

Барномаи магистрии "Иқтисодиёт ва идора дар корхона" барои тайер кардани менеҷерон- таҳлилгар ва аналитикҳо равона шудааст, ки имконияти устуворӣ ва рақобатпазирии тиҷоратро дар шароити гузариш ба иқтисоди рақамӣ  ба истифода аз усулҳои муосири идоракунии ташкилотҳо, моделсозӣ бо назардошти таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ, равандҳои тиҷоратии ширкат ва самаранок идора кардани хатарҳои молиявиро на танҳо дар шароити мӯътадили иқтисодӣ, балки дар шароити бӯҳрон таъмин менамоянд.

 

Хатмкунандаи барномаи МВА салоҳияти роҳбари зинаи миена ва олиро ташаккул медиҳад. Омӯзиш аз рӯи барномаи МВА салоҳиятҳои зеринро ташаккул медиҳад:

-  қобилияти татбиқи донишҳои назариявӣ барои ҳалли масъалаҳои тиҷорат ва идоракунӣ;

-  қобилияти ташаккул додани ҳадафҳо барои қабули қарорҳо;

-  қобилияти мустақилона ба даст овардани донишҳои нав, таҳлили иттилооти идоракунӣ;

-  донистани усулҳои банақшагирӣ ва пешгӯии фаъолияти ташкилот;

-  қобилияти истифодаи таҳлили молиявӣ, воситаҳои таҳлили стратегӣ, усулҳои арзебии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

-  ба роҳ монда тавонистани воситаҳои роҳбарӣ, ҳавасмандкунӣ ва идоракунии захираҳои инсонӣ дар ташкилот.

 

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)

 

ü 6D050700 – менеҷмент

Барномаҳои таълимии докторантураи PhD дар ҳамгироии пурзӯри фаъолияти таълимӣ, методологӣ ва тадқиқотӣ, ки ба тайер кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ бо сатҳи баланди дониш, малака, малака ва салоҳият дар соҳаи иқтисодиет нигаронида шудаанд, сохта шудаанд.

Асоси барномаи таълимии бунедии докторантураро курсҳои муаллифӣ, семинарҳои илмии профессорӣ, лексияҳои профессорон, мастер-классҳои олимон ва амалкунандагони маъруф ташкил медиҳанд.

 

Кормандони кафедра:

 

Маълумоти мухтасари оморӣ. Дар охир истинод/ссылка (бо номи “муфассалтар”) ба саҳифаи алоҳида бо рӯйхати кормандон бо вазифа, фанҳои дарсдиҳанда, корҳои нашршудаи асосии онҳо

 

Аминҷонова Муҳиба Муҳамаднасимовна – мудири кафедра, н.и.и., омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: Ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, менеҷмент, маркетинг, пешвоӣ дар роҳбарӣ, иқтисодиёти институтсионалӣ, менеҷменти молиявӣ.

Корҳои нашршудаи асосӣ: 40 корҳои нашршуда, аз ҷумла 3 монография аз он 1 то дар сатҳи КОА, 15 мақолаҳои сатҳи КОА, 5 мақолаи байналмиллӣ, 10 мақолаҳои ҷумҳуриявӣ, 10 мақолаи дохилидонишкадавӣ Муаллифи зиёда аз 20 маводҳои таълимӣ

Назаров Абдушукур Абдураҳимович - Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ, Академики АУБ МО, Аълочии маориф ва илми ҶТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор

Фанҳои дарсдиҳанда: бакалавратура -иқтисодиёт ва идоракунии фаъолияти инноватсионии корхона;

магистратура - эконометрикаи амалӣ, менеҷменти инноватсионӣ, идоракунии бизнес-раванд, идоракунии лоиҳаҳо (идоракунии рақобатпазирии корхона);

PhD-усулҳои тадқиқоти иқтисодӣ, идоракунии сифат (пешрафт), реклама ва PR

Корҳои нашршудаи асосӣ: муаллифи 5 монография, 70 мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 2 мақола  дар нашриёти Scopus,  20 мақолаи сатҳи КОА, 18 мақолаи байналхалқӣ, 12 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 6 мақолаи дохилидонишкадавӣ ва дпр дигар ташкилотҳою нашриёт дар соҳаи иқтисодӣ чоп шудааст.

Аз тарафи устод 2 китоби дарсӣ дар  самти эконометрикаи амалӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ-иқтисодӣ ва идора нашр шудааст. Муаллифи зиёда аз 30 маводҳои таълимӣ мебошад.

Авезов Азизулло Ҳабибович - д.и.и., профессор

 

Фанҳои дарсдиҳанда:

Корҳои нашршудаи асосӣ:

Авезова Махбуба Муҳамедовна – д.и.и., профессор

 

Фанҳои дарсдиҳанда: идоракунии стратегӣ, стратегияҳои рушди корхона,  назарияҳои умумии менеҷмент,  менеҷмент, идоракунии кормандон, идоракунии лоиҳа ва бизнес-нақша, макроиқтисодиёт, методикаи таълим дар мактабҳои олӣ  дар сатҳи докторантура PhD ва магистратура

Корҳои нашршудаи асосӣ: муаллифи зиёда аз 145 асари илмии нашршуда, аз ҷумла 11 монография, 2 мақола дар нашрияҳои SCOPUS,  21 мақолаи сатҳи КОА, 36 мақолаи байналмилалӣ, 55  мақолаи ҷумҳуриявӣ, 8 мақолаи дохилидонишкадавӣ дар соҳаи сиёсати макроиқтисодӣ ва минтақавӣ, рушди устувори иқтисоди минтақа ва идоракунӣ  нашр шудааст. Муаллифи  зиёда аз 25 маводҳои таълимию методӣ мебошад.

Султонова Манзура Музафаровна – н.и.и., дотсент

 

Фанҳои дарсдиҳанда: Иқтисодиёти корхона, ташкили фаъолияти соҳибкорӣ, асосҳои ҳуқуқии соҳибкорӣ, банақшагирӣ дар корхона, ташкили истеҳсолот, менеҷмент, асосҳои идоракунӣ, бизнес нақша, практикуми тахассусӣ

Корҳои нашршудаи асосӣ: ҳудуди 100 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 10 мақолаи сатҳи КОА, 10 мақолаи сатҳи РИНЦ, 45 мақола дар конфронсҳои байналмиллалӣ.

Аз тарафи устод 4 китоби дарсӣ дар самти ташкили истеҳсолот, иқтисодиёти корхона, фаъолияти соҳибкорӣ ва бизнес-нақша нашр шудааст.

Муаллифи беш аз 6 маводи таълимӣ мебошад.

Акрамова Заррина Башировна – н.и.и., омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: макроиқтисодиёт, микроиқтисодиёт, таҳияи бизнес-нақша, 

Корҳои нашршудаи асосӣ: Корҳои нашршудаи асосӣ: 60 мақолаи нашршуда аз ҷумла 15 мақолаи сатҳи КОА, 21 мақолаи байналмилалӣ, 15 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 8 мақолаи дохилидонишкадавӣ дар соҳаи иқтисодӣ  нашр шудааст. Аз тарафи устод 4 китоби дарсӣ дар самти макроиқтисод ва микроиқтисод нашр шудааст.

Муаллифи зиёда аз 10 маводҳои таълимӣ мебошад.

Ахмедов Усмонҷон Хомидҷонович – н.и.и., дотсент

 

Фанҳои дарсдиҳанда: иқтисодиёти корхона, ташкил ва банақшагирии истеҳсолот, иқтисодиёт ва менеҷмент дар сохтмон, асосҳои идоракунии моликияти зеҳнӣ, асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ

Корҳои нашршудаи асосӣ: зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 10 мақолаҳои сатҳи КОА, 2 китоби дарсӣ.

Баҳодурова Сулҳия Азизхоҷаевна – н.и.и, дотсент 

 

Фанҳои дарсдиҳанда: микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, идоракунии лоиҳаҳо ва бизнес-равандҳо, идоракунии сифат ва сертификатсия, иқтисодиёти муосир

Корҳои нашршудаи асосӣ: 55 мақолаи нашршуда аз ҷумла 13 мақолаи сатҳи КОА, 21 мақолаи байналмилалӣ, 13 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 8 мақолаи дохилидонишкадавӣ дар соҳаи иқтисодӣ  нашр шудааст. Аз тарафи устод 4 китоби дарсӣ дар самти макроиқтисод ва микроиқтисод нашр шудааст.

Муаллифи зиёда аз 10 маводҳои таълимӣ мебошад.

Ахмедова Малика Масаидовна – н.и.и., омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда:  эконометрика, омор, таҳлили иқтисодӣ, бизнес нақша, таҳлили молиявӣ, менеҷмент ва маркетинг

Корҳои нашршудаи асосӣ: 30 мақолаҳои илмии нашршуда, аз ҷумла 14 мақола дар нашрияҳои сатҳи КОА, 9 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 6 мақолаи байналмиллалӣ, 1 мақолаи дохилидонишкадавӣ ва 1 монографияи коллективӣ дар соҳаи иқтисод нашр шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби устод 1 курси лексия ва 3 практикум дар самти истифодабарии усулҳои иқтисодию математикӣ дар тадқиқи равандҳои иқтисодӣ аз чоп бароварда шудааст.

Муминова Шоҳзодахон Назирӣ – номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент

 

Фанҳои дарсдиҳанда: менеҷмент, маркетинг, логистика, идоракунии стратегии корхона, таҳлили иқтисодӣ, эконометрика, бизнес-нақша, иқтисодиёти корхона,

Корҳои нашршудаи асосӣ: 50 мақолаҳои нашршуда аз ҷумла 2 мақола дар нашрияҳои Scopus 7 мақолаи сатҳи КОА, 5 мақолаи байналмилалӣ, 25  мақолаи ҷумҳуриявӣ, 10 мақолаи дохилидонишкадавӣ да соҳаи иқтисодӣ  нашр шудааст. Аз тарафи устод 2 китоби дарсӣ дар самти иқтисодиёти корхона ва иҳлили инвеститсияҳо нашр шудааст.

Муаллифи зиёда аз 20 маводҳои таълимӣ мебошад.

Ишонова Сарвархон Сафиюллоевна – омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, иқтисодиёти корхона, менеҷмент, омор, эконометрика

Корҳои нашршудаи асосӣ:  5 мақолаи нашршуда дар соҳаи иқтисодӣ, аз ҷумла 3 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 2 мақолаи дохилидонишкадавӣ

Набиева Хусниҷон Наимовна - омӯзгори калон

Фанҳои дарсдиҳанда: микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, назарияи иқтисодӣ, иқтисодиёти корхона, логистика, тиҷоратикунонии инноватсия дар истеҳсолот, усулҳо муосири таҳлили иқтисодии корхона

Корҳои нашршудаи асосӣ: 19 мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 5 мақолаи сатҳи КОА, 5 мақолаи байналмиллалӣ, 5 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 4 мақолаи дохили донишкадавӣ ба соҳаи иқтисодӣ нашр шудааст. Аз тарафи устод зиёда аз 8 маводҳои таълимӣ коркард шудааст

Саидхоҷаева Дилафрўзхон Муталибовна - омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: эконометрика, 1С-Муҳосибот, Микроиқтисодиёт, Макроиқтисодиёт, Менеҷмент, Менеҷмент ва маркетинг, Бизнес-нақша, назарияи иқтисодӣ, Моделиронии иқтисодӣ дар Ms Excel

Корҳои нашршудаи асосӣ: 21 мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 3 мақолаи КОА, 3 мақолаи сатҳи РИНЦ, 5 мақолаи байналмиллалӣ, 10 маколаҳои ҷумҳуриявӣ.

Муаллифи 7 маводҳои таьлимӣ мебошад.

Мансурова Мафтуна Ғуфроновна – н.и.и., омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: технологияҳои муосири инноватсионии истеҳсолот, маркетинг, менеҷмент, географияи иқтисодӣ

Корҳои нашршудаи асосӣ: 15 адад мақолаҳои нашршуда аз ҷумла: 7 адад сатҳи КОА, 7 адад мақолаҳои байналмиллалӣ, 1 адад ҷумҳуриявӣ 

Турсунова Матлубахон Иброгимовна – н.и.и., омӯзгори калон

 

Фанҳои дарсдиҳанда: назарияи иқтисодӣ, менеҷмент ва маркетинг, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ

Корҳои нашршудаи асосӣ: 11 мақолаҳои илмии нашршуда, аз ҷумла 5 мақола дар нашрияҳои КОА, 1 мақолаи  байналмилалӣ, 5 мақолаи ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ нашр шудааст. 2 матни лексия ва 1 китоби дарсӣ омода шудааст

 

Турсунова Шоирахон Турсунбоевна – ассистент

Фанҳои дарсдиҳанда: назарияи иқтисодӣ, микроиқтисодиёт, макроиқтисодиёт, эконометрика, идоракунии сифат ва сертификатсия, усулҳои муосири таҳлили иқтисодии корхона, ташкили истеҳсолот дар корхона, иқтисодиёти муосир, 1С-Муҳосибот

Корҳои нашршудаи асосӣ: 21 мақолаҳои нашршуда, аз ҷумла 2 мақолаи сатҳи КОА, 4 мақолаи байналмилалӣ, 7 мақолаи сатҳи РИНЦ, 4 мақолаи ҷумҳуриявӣ, 4 мақолаи дохилидонишкадавӣ дар соҳаи иқтисодӣ  нашр шудааст.

Муаллифи зиёда аз 5 маводҳои таълимӣ мебошад.


: 617

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 06.12.2025
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
  • 06.12.2025
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены