• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД

1 октябри соли ҷорӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомуддин Иброҳимзода бо мақсади шиносоӣ бо раванди таълиму тарбия, фаъолияти таълимию методӣ ва заминаи моддию техникии муассиса ба Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ташриф овард.
Зимни боздид муовини вазир бо раванди таълим, фаъолияти озмоишгоҳҳои таълимӣ, имкониятҳои мавҷудаи таълимию амалӣ ва сатҳи истифодаи таҷҳизоти муосир дар омодасозии мутахассисони ҷавон шинос гардид.
Аз ҷумла, озмоишгоҳҳои факултетҳои энергетика ва сохтмон ва нақлиёт мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта, оид ба имкониятҳои таълимӣ, таҷҳизоти лабораторӣ ва истифодаи самараноки онҳо дар раванди таълим маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, муовини вазир аз ҷараёни имтиҳони ниҳоӣ бо истифода аз низоми тестӣ, ки дар китобхонаи электронии Донишкада баргузор мегардид, дидан намуд. Зимни шиносоӣ таъкид гардид, ки ҳангоми гузаронидани имтиҳоноти тестӣ истифодаи намуд ва шаклҳои гуногуни саволҳои тестӣ, ки сатҳи дониш, малака ва қобилияти таҳлилии донишҷӯёнро ба таври воқеӣ арзёбӣ менамоянд, ба роҳ монда шавад.
Дар идомаи боздид масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, такмили раванди таълим ва мутобиқ намудани он ба талаботи муосири бозори меҳнат мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир ба татбиқи низоми таҳсилоти модулӣ ва дуалӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардида, робитаи муассисаи таълимӣ бо корхонаю ташкилотҳои соҳавӣ тақвият дода шавад.
Раёсати Донишкада иттилоъ дод, ки дар соли таҳсили ҷорӣ бо мақсади мутобиқ намудани самтҳои омодасозии мутахассисон ба талаботи муосири бозори меҳнат ва пешрафти технологияҳои нав, дар Донишкада ихтисосҳои нави ба талаботи замон ҷавобгӯ, аз ҷумла дар самти дизайни дохилии биноҳо, автомобилҳои барқӣ ва гибридӣ, ба роҳ монда шудаанд.
Таъкид гардид, ки ба роҳандозии чунин ихтисосҳо барои омода намудани мутахассисони ҷавони дорои донишҳои муосир, малакаҳои касбӣ ва қобилияти мутобиқшавӣ ба талаботи бозори меҳнат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Муовини вазир ҳамчунин ба масъалаи мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ, таҷдиди лабораторияҳои таълимӣ, истифодаи самараноки таҷҳизоти муосир ва пайвастани донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Зикр шуд, ки фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосири таълимӣ, рушди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муассири таълим дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои баландихтисосу ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир нақши муҳим дорад.
Бояд таъкид намуд, ки боздиди муовини вазири маориф ва илм аз Донишкада дар доираи таваҷҷуҳи пайваста ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва таҳкими заминаи таълимию истеҳсолии онҳо сурат гирифта, барои такмили минбаъдаи фаъолияти таълимӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти муҳим дорад.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 16

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 02.10.2026
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД
  • 02.10.2026
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН
БУНЁДИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИ ОФТОБӢ-САМТҲОИ ОЯНДАДОРИ РУШДИ "ЭНЕРГИЯИ САБЗ" ДАР ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: «МАН БА ХОТИРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ХОТИМАИ ҶАНГ ҶОНИ ХУДРО ФИДО МЕКУНАМ»
  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены