Дар бораи донишкада
Дар донишкада низоми роҳнамоии инфиродӣ амал мекунад, ки тибқи он устодон барои ҳар як донишҷӯ маслиҳатҳои шахсӣ оид ба таҳсил ва рушди касбӣ пешниҳод мекунанд.
Имрӯз Донишкадаи политехникии Хуҷанд бо қадамҳои устувор ба сӯи табдил ёфтан ба маркази пешбари муҳандисӣ ва технологияҳо дар самти энергетика, нақлиёт, сохтмону меъморӣ, автоматикунонӣ, технологияҳои рақамӣ, иқтисодиёту молия ва дигар навовариҳои иттилоотӣ кӯшиш дорад.
Донишкада барои иштироки донишҷӯён дар лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаомӯзиҳои байналмилалӣ ва барномаҳои мубодилаи академӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.
Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маркази муосири дониш, инноватсия ва тафаккури муҳандисӣ мебошад.
Донишкадаи политехникӣ – маконе, ки дониш ба нерӯи пешрафта табдил меёбад!
Директори Донишкадаи политехникии Хуҷанд
Шаҳриёр Саъдуллозода