• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  •    Асосӣ
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
  • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо

Дар соли таҳсили 2024–2025 Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти илмӣ ва инноватсионии донишҷӯён ва магистрантонро фаъолона рушд дод.

Дар давоми сол 14 маҳфили илмии назди кафедравӣ ва 30 маҳфили омодасозии иштирокчиёни озмунҳо бомуваффақият фаъолият намуданд. Дар натиҷа, 60 мақолаи илмии донишҷӯён ва 73 мақолаи илмии магистрантон барои нашр омода гардиданд, ки қисми онҳо аллакай ба табъ расидаанд. Илова бар ин, 32 лоиҳаи инноватсионӣ ба озмунҳои ихтироъкорон ва навоварон пешниҳод карда шуданд.

Иштироки донишҷӯён дар озмунҳои илмӣ ва зеҳнӣ хеле фаъол буд. Зиёда аз 220 нафар донишҷӯён дар озмунҳои сатҳи донишкадавӣ иштирок намуда, беш аз 90 нафари онҳо ба даврҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин дар институт олимпиадаҳо аз фанҳои забони давлатӣ, таърих, забони русӣ ва забони англисӣ баргузор гардиданд. Дар даври донишкадавии ин олимпиадаҳо 62 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.

Донишҷӯён ва магистрантони институт дар сатҳи байналмилалӣ низ фаъолона ширкат варзиданд. Онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалии «Электротехника – 2025» ва «Ҳисобҳои физикӣ-математикӣ дар соҳаи энергетика» иштирок намуда, зиёда аз 40 нафар бо диплом ва сертификатҳо қадрдонӣ шуданд.

Ғолибон чунинанд:

-Шамсия Шамсиддинова, унвонҷӯи ихтисоси агротехнология ва экологияи саноат — ҷойи 3-юм;

-Олияхон Исмоилова, магистранти курси 1-уми ихтисоси истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти растанипарварӣ — ҷойи 3-юм;

-Собитҷон Эркаев, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таъмини барқ — ҷойи 3-юм.

 

Дар давоми сол донишҷӯён ҳамчунин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла «Илм — чароғи маърифат», «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон», «Магистранти сол», «Маърифати молиявӣ» ва дигар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ иштирок намуданд.

Дар сатҳи донишкадавӣ конференсияҳои илмӣ, озмунҳои касбӣ ва эҷодӣ, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардиданд.

Чорабинии муҳим озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» мебошад, ки соли дуюм пай дар пай дар моҳи апрел бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи илми тоҷик баргузор мегардад.

Натиҷаҳои ба дастомада аз сатҳи баланди фаъолияти илмии донишҷӯён ва магистрантони Донишкадаи политехникӣ ва саҳми муҳими он дар рушди маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд.

ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ

  • Шурои илмӣ - техникӣ
  • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
  • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
  • Тадқиқотҳои илмӣ
  • Паёми ДПДТТХ
  • Парки технологӣ
  • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
  • Маҳфилҳои илмӣ

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены