Кафедраи забонҳои хориҷӣ
Мудири кафедра: номзади илмҳои филологӣ, Аминҷонова Рухшона Ҳакимовна
Маълумот барои тамос бо кафедра:
Почтаи электронӣ: amindzhonova@list.ru
Суроға: ш.Хуҷанд, хиёбони
И.Сомонӣ 226, факултети энергетика, утоқи
Э 312.
Аз таърихи кафедра
Кафедраи забонҳои хориҷӣ дар заминаи кафедраи забонҳои Филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии
Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ баъди якҷояшавӣ бо Филиали Хуҷандии
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва таъсиси Донишкадаи политехникии Донишгоҳи
техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, бо фармони таҳти рақами 009- ХУ аз 8 -уми сентябри 2010 таъсис дода шудааст. Аз ташаккули кафедра то
ҳол роҳбарии кафедраро устодони зерин ба уҳда доштанд: Ғайбуллоева М.Ғ.,
Каримбоева Ҳ.Қ., Хусаинова Ф.Х., Солиев З.Т ва аз соли 2022 роҳбарии кафедраро
Исломова П.Н. ба ӯҳда дорад.
Кафедра дар айни замон аз 13 нафар аъзо иборат
мебошад, ки инҳо 12 нафар омӯзгор ва 1
нафар котиб-коргузор аст. Кафедра
ба муттахассисон дар се зинаи таҳсилот ба фанҳои забони русӣ ва хориҷӣ таълим
медиҳад.
Барои ташкил ва рушди кафедра фаъолияти кормандони пуртаҷриба Солиев
З.Т, Ғайбуллоева М.Ғ., Каримбоева Ҳ.Қ., Фузайлов К,Ф., Икромова А.М., Акбаров
А.А., Содиқова Т.А. ва дигарон назаррас
аст.
Дар тӯъли фаъолияти кафедра аз тарафи устодони
кафедра васоити таълим ва китобҳои дарсӣ, супориш ва дастури методӣ, мақолаҳои
илмӣ ва дастури методӣ барои иҷроиши корҳои амалӣ аз чоп баромадааст.
Фаъолияти асосии кафедра
Кафедраи забонҳои хориҷӣ яке аз ҷузъҳои асосии
сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи
техникии Тоҷикистон ба номи академик
М.Осимӣ буда, оид ба тайёр намудани мутахассисони ҳамаи соҳаҳо дар се зина
саҳми худро мегузорад.
Кафедра фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ,
илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ барои равия ва
фанҳои тахассусии хамаи самтҳо ва ихтисосҳо, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва
кӯтоҳмуддат оид ба омӯзиши забонҳои русӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонанд, ба роҳ
мондааст.
Фаъолияти кафедра дар самти тайёр намудани бакалаврҳо,
магистрҳо, мутахассисон, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос,
номзад ва докторҳои илм, ки дорои дониш
ва маҳорату малакаи баланди касбии барои бомуваффақият фаъолият намудани
онҳо зарур ҳамчунин рушди қобилияти эҷодии донишҷӯ, қобилияти илмии докторант
аз рӯи ихтисос, докторант ва ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ба роҳ монда
шудааст
Кормандони кафедра
|
№ |
Ном
ва насаб |
Вазифа |
Дараҷа ва унвони илмӣ |
|
1 |
Солиев З.Т. |
дотсент |
Н.и.ф, дотсент |
|
2 |
Ҳамидова Н.Ш. |
омӯзгори калон |
н.и.ф. |
|
3 |
Аминҷонова Р.Ҳ. |
мудири кафедра |
н.и.ф. |
|
4 |
Исломова П.Н. |
омӯзгори калон |
н.и.ф. |
|
5 |
Машарипова М.Э. |
омӯзгори калон |
- |
|
6 |
Окилова М.А. |
омӯзгори калон |
- |
|
7 |
Атаева Т.Ҳ. |
омӯзгори калон |
н.и.ф |
|
8 |
Абдусаломова М.А. |
омӯзгори калон |
н.и.ф |
|
9 |
Шарипова М.А. |
ассистент |
- |
|
10 |
Бахтиёрзода Муҳаббат |
омӯзгори калон |
- |
|
11 |
Қаландарова М.Д. |
ассистент |
- |
|
12 |
Баҳридинова А.А. |
муаллим-коромӯз |
- |
|
13 |
Исломова Н.Н. |
котиб-коргузор |
- |
Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ
·
Таҳқиқоти илмӣ-методӣ дар самти “Ҷорӣ намудани муносибати
салоҳияти коммуникативӣ дар амалияи таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар
мактаби олии техникӣ”
Фаъолияти байналхалқии кафедра
Омӯзгорони кафедра дар барномаҳои MENTOR ва Fulbright, ки аз
ҷониби Сафорати ИМА дар Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд, барои такмили
ихтисос фаъолона иштирок мекунанд. Кафедра инчунин бо шуъбаи робитаҳои
байналмилалии донишкада ҳамкорӣ дорад.