• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока
Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока

Мудир: номзади илмҳои химия, дотсент Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович

 

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ: tnah@mail.ru

Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯч. Ҳаким Карим 52

Сомона: -

 

Аз таърихи кафедра

Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурии факултети муҳандисӣ-технологии   Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока, моҳи августи соли 2022 пас аз тағир ёфтани сохтори донишкада, таъсис ёфтааст (дар заминаи кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология). Аз оғози таъсисёбӣ дар кафедра устодони соҳибтаҷриба ба монанди н.и.х., дотсент Осимов Ҷ.М., профессор Саидаминов, н.и.х., дотсент Бобохоҷаев Р.И.,  н.и.т., омӯзгори калон Асатуллоев И.А., н.и.т. Негматуллоева Р.Н., омӯзгори калон Раҳимова М.Р., омӯзгори калон Шаипова Ш., баҳри тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноати хӯрока меҳнати пурмаҳсул бурдаанд.

 

Мудирон:

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович –2010-2012;

Негматуллоева Рафоат Негматуллоевна – 2012-2014;

Комилова Дилрабо Абдувалиевна– 2014-2019;

Рашидов Наим Ҷалолович – 2019-2022;

Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович –  аз 2022 то ҳол.

 

Фаъолияти асосии кафедра

Фаъолияти кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока барои рушди устувор ва иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар барои инкишоф ва пайдо намудани донишҳои нав, идеяҳои инноватсионӣ ва амалӣ гардонии онҳо равона буда, дар асоси ҳамоҳангсозии тадқиқоти илмӣ, раванди таълим ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат фаъолият менамояд.

Бояд, қайд кард, ки раванди таълим дар кафедра тибқи нақшаи таълим, ки дар асоси талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи саноати хӯрок батанзим дароварда мешавад.

Кафедраи технологияи маҳсулоти хӯрока оиди тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 490101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ”,  490102 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонӣ”, 1-910101- Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ зиннаи бакалавр ва магистрӣ, инчунин аз рӯи ихтисосҳои 6D072700 – «Технологияи маҳсулоти озуқа” докторантони рНd, кафедраи асосӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионии кафедра шакли банақшагирии корҳои илмӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорон, магистрантон, рН докторантон ва донишҷӯён амалӣ гардонида мешавад. Татбиқи корҳои илмӣ-татқиқотии кафедра аз ҷониби ҳайати кафедра дар марказҳои илмӣ, илми тадқиқоти, озмоишгоҳҳо, воҳидҳои сохтории он ва берун аз он ба роҳ монда мешавад.

Ҳайати профессорону устодони кафедра 13 нафар буда, 2 доктори илм аз ҷумла 1 нафар профессор, 7- нафар номзади илм, 1 нафар омӯзгори калон ва 1 нафар ассистент фаъолият мебаранд.

 

Ҳайати устодони кафедра

·                        Тошхӯҷаев Насимҷон Азимович – н.и.х., дотсент, мудири кафедра

·                        Муҳиддинов Анваридин Риёзиддинович –  д.и.б., профессор

·                        Камолов Насим Шарифбоевич – д.и.в., омӯзгори калон

·                        Раҳимова Алия Рахимовна – н.и.х., дотсент

·                        Комилова Дилрабо Абдувалиевна – н.и.т.,  дотсент

·                        Қоидов Шералӣ Муҳамадалиевич – н.и.т., омӯзгори калон

·                        Раҳмонова Ҷамила  Абдуҳамидовна – н.и.т., омӯзгори калон, мудири озмоишгоҳои кафедра

·                        Раҳимова Мунзифа Анваровна- н.и.т., омӯзгори калон

·                        Негматуллоева Маҳинбону Негматуллоевна -  н.и.т.,омӯзгори калон

·                        Ахмедова Мавзуна Насимовна – омӯзгори калон

·                        Дӯстматов Абдуҳаким Ҳайдарҷонович – ассистент

 

Дар кафедра таълим оиди асосҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, равандҳо ва тағиротҳое, ки ҳангоми истеҳсоли онҳо мегузаранд, инчунин қоидаҳои нигаҳдорӣ, боркашонӣ ва интиқоли онҳо, усулҳои муосири назорати сифат, таъмини бехатарӣ, мувофиқат кардани маҳсулот ба талаботҳои байналмиллалии HACCP ва Global GAP, стандартҳои давлатӣ ва ғайра, дода мешавад.

Дар раванди таълим барои омӯзонидани сабақ ба донишҷӯён аз тарафи устодон усулҳои муосирӣ донишандӯзӣ, технологияҳои нав ва пешқадам истифода карда мешаванд.

Дастоварҳои устодон назаррас буда, дар давоми 5 соли охир дар факултет аз тарафи устодони 4 адад монография, миқдори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ бо қарор ва тавсияи ВМИ ҶТ- 5 адад, миқдори китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ зиёда аз 50 адад, чопи мақолаҳои Скопус 7 - адад, чопи  мақолаҳои байналмиллалӣ, ҷумҳуриявӣ ва донишкадавӣ зиёда аз 300 адад аз он ҷумла мақолаҳои КОА дар ҳаҷми зиёда аз 100 адад нашр гардидааст.

Дар кафедра шумораи зиёди корҳои илмӣ таҳқиқотӣ дар самти лоиҳаҳои коркарди маҳсулоти хӯрока, ғанӣ гардонидани онҳо бо нутриентҳои фоиданок, масъалаҳои сифат ва бехатарии онҳо, коркарди дастурамал ва технологияи маҳсулотҳои функсионалӣ ва ғайра иҷро шуда истодаанд.Устодони кафедра дар ҷодаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ хеле фаъолбуда, дорои сертификатҳои зеҳнӣ ва патентҳо мебошанд, дар панҷ соли охир аз тарафи устодони кафедра 5 нахустпатент гирифта шуд.

Ҳар сол дар кафедра семинарҳо илмӣ, мизҳои мудаввар, вохӯрӣ бо истеҳсолкунандагон гузаронида мешавад, ки дар онҳо на танҳо устодон ва кормандон натиҷаҳои корҳои илмии худро пешниҳод менамоянд, инчунин  донишҷӯен ва магистрантон низ.

Устодон мунтазам такмили ихтисосҳоро аз рӯи барномаҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ ба монанди Erasmus, GIZ, HECAFS,  ва ғайраҳо мегузаранд.

Робитаи кафедра бо корхонаҳои давлатӣ ва хусусии минтақавӣ хеле зич буда, донишҷӯён дар раванди таълим дар чунин коргоҳҳо ба монанди: корхонаи консервабарории Хуҷанд, Оби Зулол, Элита, Яхмоси 33, ГОСТСТАНДАРТ,  Коррект, Файзи Расул, Сахо, Комрон-агро-холдинг, Зода, Дӯсти Алишер, Темуриён, Арши Сомон ва ғ. маҳорати касбӣ меомӯзанд.

Фаъолияти кори пас аз хатми донишкада беканор буда, ташкилёбии корхонаҳои нави хурди истеҳсолӣ, талаботи баландро ба мутахассисони соҳа исбот менамоянд. Хатмкунандагони ихтисос бештар дар корхонаҳои давлатӣ ва хусусии шаҳру ноҳияҳои кишвар фаъолияти корӣ дошта, бештари онҳо аллакай корхонаи худро таъсис додаанд, ба мисоли Яхмоси 33, Дӯсти Алишер, Коррект, Соро ва ғ. намуна мебошад.

Аз соли 2016 кафедра бо ду барномаи байналмиллалӣ GIZ ва HECAFS ҳамкорӣ намуда, дар доираи ин барнома озмошгоҳҳои кафедра бо як қатор таҷҳизоту лавозимотҳои озмоишии муосир ҷиҳозонида шудаанд. Аз рӯи барномаҳои мазкур устодон ва донишҷӯн сафарҳои корӣ ба давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва давлатҳои назди Балтикӣ бо мақсади такмили ихтисос сафари корӣ доштанд. Дар доираи ин барномаҳо мубодилаи таҷриба байни устодон ба нақша гирифта шудааст. Аз рӯи ин барномаҳои бо иҷозати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақшаҳо ва барномаҳои кории зиннаи бакалавриат ва магистратураи кафедра бо назардошти талаботҳои байналмиллалӣ тағиротҳо ворид карда шудааст.

 

Дар 2023  Агентии мустакили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR -- member of the European Association for Quality Assurance in Higher Education) барномаи таҳсилотии ихтисоси “1-490101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ”-и  аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида,  соҳиби шаҳодатномаи гардид.

Ин аккредитатсияи байналмилалӣ ба ҳамгироии васеъ ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва дастрасӣ ба бозори хориҷии хизматрасониҳои таълимӣ замина гузошта, ба гирифтани маълумоти объективӣ дар бораи имкониятҳои истифоданашуда, иқтидор ва дурнамои рушд имконияти тоза медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки баҳодиҳии барномаи таҳсилоти ихтисоси “1-490101 – “Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ”-идонишкада ва сарфароз гардонидани он ба аккредитатсияи байналмилалӣ аз ҷониби “Агентии мустакили аккредитатсия ва рейтинг” (IAAR) гузаронида ва дода шудааст.

 

Озмоишгоҳҳои кафедра

 

Вазъи моддӣ - техникии кафедра ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, дар кафедра 11 - озмоишгоҳ мавҷуд буда, бо таҷҳизот ва лавозимотҳои зарурии замони муосир таъмин мебошад ва барои таъмини раванди таълим истифода мешаванд: (номи озмоишгоҳ ва соли таъсиси он)

1. Озмоишгоҳи сенсорӣ - таълимӣ соли 2016

2. Озмоишгоҳи химия - таълимӣ соли 2009, 2017 таҷдид шудааст

3. Озмоишгоҳи технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯрока - илмию-тадқиқотӣ, соли 2009, 2015 таҷдид шудааст,

4. Озмоишгоҳи биохимия - таълимӣ соли 2009, 2016 таҷдид шудаас.

5. Озмоишгоҳи таҳлили сифатӣ ва миқдории маҳсулоти хӯрока - илмию тадқиқотӣ, соли 2009, 2018 таҷдид шудааст.

6. Озмоишгоҳи таҳлили сифатӣ маҳсулоти хӯрока - илмию тадқиқотӣ, соли 2019

7. Озмоишгоҳи таҳлили сифати ғалладонагиҳо ва маҳсулотҳои ордӣ - илмию тадқиқотӣ соли 2019

8. Озмоишгоҳи микробиология – таълимӣ, соли 2019

9. Озмоишгоҳи истеҳсоли нон, маҳсулотҳои нонӣ ва қаннодии ордӣ - илмию тадқиқотӣ, соли 2019

10.Озмоишгоҳи технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма – таълимӣ, соли 2022

11.Озмоишгоҳи бехатарии маҳсулоти хӯроки омма- таълимӣ соли 2022.

 

 

Дар кафедра аз рӯйи чунин ихтисосҳо мутахассисон омода мешаванд:

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат                                               

·                        1-490101- Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ;

·                        1-490102-Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот;

·                        1-910101- Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ.

Барномаҳои таҳсилотии магистратура:

·                        1-490101- Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ;

·                        1-490102-Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти хоми ҳайвонот;

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)

6D072700 - Технологияи маҳсулоти озуқа (Phd докторантура);


: 604

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 06.12.2025
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
  • 06.12.2025
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены