МИЗИ МУДАВВАР: “ФУРӮҒ АЗ РӮДАКӢ ДОРАД ЧАРОҒИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”
Дар толори хурди донишкада бахшида ба Рӯзи бузургдошти Рӯдакӣ бо ташаббуси кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ бо иштироки устодон ва донишҷӯён мизи мудаввар таҳти унвони “Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи миллати тоҷик” баргузор шуд.
Мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муаттара Раҳматова ҳамагонро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику таҳният гуфта аз ҷумла афзуд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёри мо таҳти сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги оламшумул, гиромӣ доштани ном ва кору пайкории абармардони илму адаб рукни миллати тоҷик силсилаи иқдом ва барномаву чорабиниҳо роҳандозӣ карда мешаванд.
Таъкид шуд, ки осори арзишманди аҳли маърифат, аз ҷумла саромади шеъри тоҷикии форсӣ Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун ганҷинаи маънавӣ барои шинохти воқеияти таърихӣ, муайян намудани роҳи минбаъдаи давлатдорӣ ва рушду пешрафти кишвари азизамон мусоидат менамояд.
Аз рӯйи барономаи мизи мудаввар порчае аз филми “Қисмати шоир” нишон дода шуд.
Сипас, аз тарафи донишҷӯён аз ашъори Рӯдакӣ шеърҳо дар васфи мардӣ, шуҷоат, гуманизм қироат карда шуд.
Устоди калони кафедраи мазкур, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Хайринисо Исломӣ дар мавзуи “Ҳаёт ва эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ” ва мудири кафедраи мазкур Муаттара Раҳматова таҳти унвони “Фурӯғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи миллати тоҷик” маърузаҳои илмӣ намуданд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат дар китоби арзишманди хеш “Чеҳраҳои мондагор” шукӯҳу азамат ва рисолати бузурги таърихию адабии устод Рӯдакиро муфассал тавсеҳ дода, зарурат ва аҳамияти омӯзиши мероси адабию илмӣ ва кору пайкори шахсиятҳои бузурги гузаштаю муосири миллатро аз ҳар ҷиҳат дар замони мо муҳим мешуморад. Дар китоби номбурда таъкид мешавад, ки устод Рӯдакӣ на танҳо поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Имрӯз дар Тоҷикистон номи Рӯдакӣ бо эҳтироми хос гирифта мешавад. Болотарин ҷоизаи давлатӣ дар соҳаи адабиёт ва санъат ба номи ӯ гузошта шудааст, хиёбони марказии пойтахт ва муассисаҳои таълиму фарҳангии зиёде номи вайро доранд. Рӯдакӣ рамзи зиндашавӣ ва пойдории заррини забони тоҷикӣ аст, ки шеъри ӯ пас аз ҳазор сол ҳамчунон сода, равон ва барои ҳар як тоҷикфаҳмо боқӣ мондааст.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО