• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
КОНФРОНС: ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 8 сентябри соли 2026 дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд конференсияи илмӣ-назариявии донишкадавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ ва ҳадафҳои стратегии миллӣ: дастовардҳо ва дурнамои рушди Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар конференсия роҳбарияти донишкада, намояндагони сохторҳои ҷамъиятӣ, олимону устодон, кормандони донишкада ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози конференсия маърӯзаи директори донишкада Хурсанд Содиқзода аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои илмӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ таҳти унвони «35 соли Истиқлоли давлатӣ – заминаи рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» расонида шуд.
Дар идомаи конференсия доктори илмҳои таърих, профессор Ваҳҳоб Набизода, профессори кафедраи таърихи ватанӣ ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар мавзӯи «Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ: 35 соли рушди Тоҷикистон», Мазбуд Холиқзода, муовини директор оид ба таълим дар мавзуъи "Рушди инфрасохтори нақлиётӣ ҳамчун омили табдили Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ", Наим Рашидов, доктори илмҳои кишоварзӣ, мудири кафедраи агротехнология ва экологияи саноат таҳти унвони "Амнияти озуқаворӣ: нақши технологияҳои муосир, кишоварзии рақамӣ ва коркарди маҳсулот", Анвар Ҳоҷиев, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи таъмини барқ ва автоматика, дар мавзӯи «Истиқлоли энергетикӣ ва рушди энергетикаи сабз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Азизулло Авезов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди муҳандисӣ ва менеҷмент, дар мавзӯи «Саноатикунонии босуръат, рақамикунонӣ ва инноватсия – омили рушди иқтисоди миллӣ» маърӯза намуданд.
Таъкид гардид, ки 9 сентябри соли 1991 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи барқарор гардидани соҳибихтиёрии давлатӣ сабт шуд. Дар тӯли 35 сол Тоҷикистон роҳи пурифтихори ташаккули давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани нуфузи байналмилалиро тай намуд.
Дар ин масири таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди давлатдории муосир ва муайян намудани ҳадафҳои стратегии рушди кишвар басо муҳим мебошад.
Конференсия дар фазои созанда ва бо муҳокимаи масъалаҳои муҳими рушди миллӣ идома ёфта, иштирокчиён доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият, татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 389

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 12.09.2026
РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА –ИФОДАГАРИ МУҲАББАТИ МАРДУМ БА ВАТАН!
РОҲПАЙМОИИ ОСОИШТА –ИФОДАГАРИ МУҲАББАТИ МАРДУМ БА ВАТАН!
  • 12.09.2026
КОНФРОНС: ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН
КОНФРОНС: ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои машҳур


  • 27.06.2026
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
ФАЛСАФАИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: АРЗИШҲОИ ГУНОГУН, ПИНДОРҲО ВА АНЪАНАҲО
  • 27.06.2026
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — АСОСИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ ВА РУШДИ ТОҶИКИСТОН

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены