• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Кафедраи таъминоти барқ ва автоматика
Кафедраи таъминоти барқ ва автоматика

Таъминоти барқ ва автоматика

 

Мудири кафедра: номзади илмҳои техникӣ, омӯзгори калон, Ҷураев Дадохон Собирҷонович

 

Маълумот барои тамос бо кафедра:

Почтаи электронӣ:

Суроға: хиёбони И.Сомонӣ 226

 

Аз таърихи кафедра

Кафедра соли 1994 дар асоси кафедраи «Умумитехникӣ ва техникаи ҳисоббарор» бо номи кафедраи «Электротехника ва автоматика» ташкил карда шудааст. Мудирони аввали кафедра – дотсент н.и.т. Узоқбоев М.У. (1994-1996), Раҳимов О.С. (1996-2008, 2010-2017), Ҳоҷиев А.А. (2008-2010), Қаландаров Ҳ.У. (2017-2022), Ҷураев Д.С. аз 2022 то имруз. Дар барқарорсозии кафедра ҳамкорон аз истеҳсолот сармуаллимон Бобоев Т.Б., н.и.т., Саидов У.О., Атамов Т.М., Файзиев С.В., Ҳошимов Ф., Ваҳобов О.И., Маъмуров А.А., Тоштемиров Ш ва дигарон саҳми калон гузоштаанд. Имрўз дар кафедра 20 нафар кор мекунанд, ки аз онҳо 2-нафар дотсент, 4-нафар н.и.т., омӯзгори калон, 9-нафар сармуаллимон, 3-нафар ассистентон, котиб-коргузор ва лаборант мебошанд.

Дар кафедра 6 лабораторияи муосир амал мекунад. Кафедра таълим ва комплекси таълимӣ-методии 4 ихтисосро дар ӯҳдаи худ дорад: 1-430103 – Таъмини барқ; 1-530105 – Автоматонии ҳаракатоварҳои барқӣ; 1-530107 – Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ ва 1-380202 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ.

Фаъолияти асосии кафедра

Дар самти ҳалли масъалаҳои гузариш ба энергетикаи сабз ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар, корҳои илмӣ-тадқиқоти кафедра нақши муҳим дорад. Олимони кафедра барои ҳалли проблемаҳои самаранок истифода бурдани электроэнергия ва кам кардани талафи он, истифода бурдани манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар объектҳои ҷамъиятӣ ва саноатӣ корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда, дар бобати баланд бардоштани эътимоднокии таҷҳизот ва шабакаҳои электрикӣ муваффақиятҳои калон ба даст оварда истодаанд.

Аз ҷумла, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва бехатарии кори трансформаторҳо, сохтори танзими шиддат дар зери бори электрикӣ, тартиб додани алгоритмҳои диагностикӣ ва санҷиши қобилияти трансформаторҳои пуриқтидор дида баромада шуданд. Дар Шабакаи барқи вилояти Суғд ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии ташхис ва таъмири трансформаторҳо, танзими кори трансформаторҳо ва пешгирии садамаҳои зеристгоҳҳои барқии шиддаташон 110 кВ пешниҳодҳо таҳия ва амалӣ карда шуданд.

Тағйир ёфтани хосиятҳои гармофизикии моеъҳои магнитӣ дар асоси равғани трансформатор вобаста аз таъсири ҳарорат, фишор ва майдони магнитӣ омӯхта шуда, барои зуд санҷидани сифати равғани трансформатор пешниҳодҳо тартиб дода шудааст. Дар соҳаи истифода бурдани энергияи шамол редукторҳои электромагнитӣ бо конвертери тиристор таҷҳизонида шудааст, ки самараи шамолро то 85 фоиз зиёд мекунад. Ғайр аз ин, эътимоднокии ХИБ-ҳои 110 кВ дар шароити иқлими Тоҷикистон омӯхта шуда, барои интихоби оптималии хатҳои интиқоли барқ ва пешгирӣ кардани садама тавсияҳо тартиб дода шуданд. Инчунин дар натиҷаи тадқиқот чорабини ва тавсияҳо барои баланд бардоштани кори бетаваққуфи  ҳаракатоварҳои электрикии пойгоҳҳои обкашии калониқтидор пешиноҳод гардид.

 

 

 

 

 


Кормандони кафедра

 

№

Ному насаби омӯзгор (корманд)

Вазифа

Соли таваллуд

Маълумот

Собиқаи умумии корӣ

Аз кадом сол дар донишкадаи маскур фаъолият мебарад

Дараҷаи илмӣ

1. 

Ҷураев Дадохон Собирович

Мудири кафедра,

и.в. дотсент, н.и.т.

14.12.1977

Олӣ

22

2003

н.и.т.

2. 

Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло

дотсент н.и.т

14.03.1988

Олӣ

15

2023

н.и.т

3. 

Раҳимов Охунбобо Сайфиддинович

и.в. профессор, н.и.т.

04.03.1948

Олӣ

54

1971

н.и.т.

4. 

Ҳоҷиев Анвар Абдуллоевич

и.в. дотсент н.и.т.

27.10.1952

Олӣ

50

1975

н.и.т.

5. 

Дадобоев Шаҳбоз Толибҷонович

омӯзгори калон, н.и.т.

19.10.1987

Олӣ

15

2010

н.и.т.

6. 

Исломов Илёсхоҷа Икромхоҷаевич

омӯзгори калон, н.и.т.

09.12.1986

Олӣ

16

2009

н.и.т.

7. 

Комилова Маҳбуба Ёдгоровна

омӯзгори калон

17.01.1949

Олӣ

52

1995

-

8. 

Мирхолиқова Дилафрӯз Сайдуллоевна

омӯзгори калон

10.10.1987

Олӣ

15

2010

-

9. 

Воҳидов Аюҷон Ҷумаевич

омӯзгори калон

15.10.1988

Олӣ

14

2011

-

10. 

Исмоилов Исмоилҷон Илҳомович

омӯзгори калон

27.01.1990

Олӣ

11

2014

-

11. 

Каримов Ибодқул Раҳимқулович

омӯзгори калон

17.02.1991

Олӣ

12

2015

-

12. 

Ваҳҳобов Обиддин Исомиддинович

омӯзгори калон

10.12.1958

Олӣ

41

2006

-

13. 

Мирзоҷонова Манзурахон Камоловна 

омӯзгори калон

02.11.1994

Олӣ

8

2024

 

14. 

Тоштемиров Шараф Муҳамадҷонович

омӯзгори калон

17.03.1981

Олӣ

20

2002

 

15. 

Мирзоев Дабир Назирович 

омӯзгори калон

25.02.1993

Олӣ

9

2016

 

16. 

Ҷӯраев Мӯҳсинҷон Мақсудҷонович

Ассистент

09.07.1999

Олӣ

4

2021

-

17. 

Насуллоев Усмонхӯҷа Умархӯҷаевич

Ассистент

28.04.1998

Олӣ

6

2018

-

18. 

Комилов Мирҳабиб Мирхамидович

Ассистент

19.04.1993

Олӣ

6

2020

 

19. 

Муллоев Фариз Муслиҳиддинович

Лаборант

02.11.2005

Бакалавр

 

2025

 

20. 

Почоева Нигора Абдурауфовна

Котиб коргузор

25.09.2002

Бакалавр

 

2025

 


 

 

Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагӣ

Такмили технологияи энергосарфа дар шабакаҳои барқии шиддаташон гуногун.

 

Фаъолияти байналхалқии кафедра

Кафедра бо Донишгоҳи техникии энергетики шаҳри Москва, Донишкадаи кӯҳии шаҳри Москва, Донишгоҳи Давлатии Чувашияи Федератсияи Россия, Донишгоҳи техники Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.

 

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат

1-380202-Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ. Хатмкунанда дар ташкилоту идораҳои соҳаи тиб, марказҳои табобатӣ дар вазифаҳои муҳандиси асбобсозӣ; муҳандис-протезист, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои биотехникӣ ва тиббӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои кори таҷҳизоти барқии биотехникӣ ва тиббӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таҷҳизоти биотехникӣ ва тиббӣ фаъолият карда метавонад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-38 02 02 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

- тахассуси касбӣ – муҳандиси асбобсоз;

- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-38 02 02 – Дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ”.

 

1-430103-Таъмини барқ. Хатмкунанда дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, нерӯгоҳҳои барқии обӣ ва ҳароратӣ, зеристгоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои саноатӣ дар вазифаҳои муҳандиси барқчӣ ё энергетик; муҳандис оид ба тармим ва санҷиш, ташкили корҳои истифодабарӣ ва таъмири дастгоҳҳои барқӣ, ҳисоб ва танзими реҷаҳои шабакаҳои барқӣ, нозири хадамоти барқ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ, таъмир ва ташхиси асбобҳои барқии таъйиноти гуногун ва лоиҳакашии таъминоти барқи манзилгоҳҳои истиқоматӣ фаъолият карда метавонад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-43 01 03 – Таъмини барқ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

- тахассуси касбӣ – муҳандис-энергетик;

- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-43 01 03 – Таъмини барқ”.

 

1-530107-Технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва идоракунӣ, автоматикунонии системаҳои техникии идораи истеҳсолот, муҳандиси электроника, муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба идоракунии системаҳои техникӣ фаъолият бурда метавонад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-53 01 07 – Технологияи иттиолоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

- тахассуси касбӣ – муҳандиси технологияи иттилоотӣ ва идоракунӣ;

- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-53 01 07 – Технологияи иттиолоотӣ ва идоракунӣ дар системаҳои техникӣ”.

 

1-530105-Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ. Хатмкунанда дар корхонаҳои саноатии соҳаҳои гуногун дар вазифаҳои муҳандис оид ба автоматикунонии системаҳои идораи истеҳсолот, асбобҳои ченкунӣ-санҷишӣ ва автоматика (КИП и А), муҳандис-таҳқиқотчӣ, муҳандис оид ба механизатсия ва автоматизатсияи равандҳои истеҳсолӣ, тармим ва санҷиш, таъмири таҷҳизоти барқӣ, назорати ҳолати техникии дастгоҳҳои барқии иншооти энергетикӣ, инчунин менеҷери корхонаҳои хусусӣ оид ба васлу насби таҷҳизоти барқӣ фаъолият карда метавонад.

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “1-53 01 05 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ” дар шакли таҳсили рӯзона ва ё фосилавӣ, баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад:

- тахассуси касбӣ – муҳандис-барқчӣ;

- дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-53 01 05 – Ҳаракатдиҳандаҳои автоматии барқӣ”.

 

Барномаҳои таҳсилотии магистратура.

Мутахассиси дараҷаи магистри техника ва технология аз рӯйи ихтисоси
 
1-43 01 03 – Таъмини барқ.

Барномаи магистрӣ ба тайёр кардани мутахассисони дорои дониш ва малакаи идоракунии захираҳои энергетикӣ, барои таъмин ва баланд бардоштани самаранокии сифат ва кам намудани талафи энергия нигаронида шудааст. Донишҷӯён метавонанд:

-  таҳлили технологии раванди истеъмоли энергия;

-  идоракунии системавии захираҳои энергетикӣ;

-  аз ҷиҳати иқтисодии баҳо додан ба лоиҳаҳои таҳияшуда;

-  аудити энергетикӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ барои идоракунии раванди истеҳсол ва истеъмоли энергия электрикӣ.

 

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)

ихтисоси 6D071800 - Энергетикаи электрӣ.

Мақсади ихтисоси “6D071800 - Энергетикаи электрӣ” тайёр кардани докторантҳо аз рӯйи фанҳои асосӣ ва тахассусӣ, омода ва ҳимояи рисолаи илмӣ дар соҳаи энергетика бо ноил шудан ба салоҳиятҳои дахлдор мебошад. Донишҷӯён метавонанд:

Дар асоси комёбихои илму техника дар соҳаҳои зерин 

- истеҳсоли энергияи электрӣ;

- шабакаҳо ва системаҳои энергетикӣ;

-таъмини нерӯи барқи корхонаҳо;

- ҳаракатоварҳои электрикӣ;

- ҳимояи релеӣ ва автоматикаи системаҳои энергетикӣ;

- энергетикаи барқароршаванда дониш ва малака мегирад.

Инчунин метавонад:

-          бо усулҳои гуногун лоиҳаи комплексҳои электроэнергетикӣ ва электротехникӣ;

-          коркарди идораи ҳаракатоварҳои муосир;

-          тадцицоти таъсири сифати электроэнергияи ба истеҳсолот ва ба кори дастгоҳҳо;

-          коркарди усулҳои кам намудани талафи электроэнергия;

-           коркарди идораи системаҳои микропротсессорӣ дар равандҳои технологии соҳаи энергетика;

коркарди роҳҳои сарфаи энергия ва ресурсҳо ба истифодаи МБЭ. 


: 637

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 06.12.2025
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
  • 06.12.2025
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены