• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    Сохтмон ва нақлиёт
Сохтмон ва нақлиёт

Декан: дотсент, номзади илмҳои техникӣ, Умарова Зӯҳрохон  Мирзотуробовна

 

Маълумот барои тамос бо садорати факултет:

Почтаи электронӣ: fmi@polytech.tj

Суроға: шаҳри Хуҷанд, кӯчаи  Исмоили Сомонӣ 226, бинои таълимии С

Сомона: -

 

Аз таърихи факултет

 Факултети сохтмон ва нақлиёт ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шахри Хуҷанд мебошад. Факултети сохтмон ва нақлиёт тибқи қарори Шурои олимони донишкада моҳи августи соли 2010 таъсис ёфтааст.

Дар оғози таъсисёби факултет аз чор кафедра иборат буда, дар он зиёда аз 40 нафар омӯзгорони штатӣ ва ҳамкорон фаъолият мебурданд.

Факултет бо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва зиёда аз 10 донишгоҳҳои берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич дорад.

Моҳи сентябри соли 2012 ба сохтори факултет тағйирот ворид карда шуд, ки ин ҳамроҳ шудани кафедраи агротехнология буд.

Соли таҳсили 2016-2017 дар факултет ҳайати омӯзгорон дар кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт, кафедраи сохтмон ва кафедраи умумитаълимӣ кору фаъолият мебурданд.

Сохтори факултет аз садорати факултет, шурои олимони факултет, шурои илмӣ – методии факултет, кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт, кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, кафедраи сохтмон, кафедраи меъморӣ, шурои кураторон, шурои занон ва духтарон ва созмони ҷавонони факултет иборат мебошад.

 

Фаъолияти асосии факултет

 Фаъолияти факултет асосан ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисос барои хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Раванди таълим дар факултет тибқи нақшаи таълим, ки дар асоси талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таҳия ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба роҳ монда шуда, дар асоси талаботи Оиннома, қарори Шурои олимони донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ батанзим дароварда мешавад.

Фаъолияти илмӣ, илмӣ- техникӣ ва инноватсионии факултет, шакли банақшагирии корҳои илмӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорони кафедраҳои факултет амалӣ гардонида мешавад. Тадбиқи корҳои илмӣ – тадқиқотии факултет аз ҷониби ҳайати омӯзгорони кафедра дар марказҳои илмӣ, илмӣ – тадқиқотӣ, озмоишгоҳҳо, воҳидҳои сохтории он  ва берун аз он ба роҳ монда шудааст. Дар факултет васоити Internet ва шабакаи локалии системаи идоракунии иттилоотии донишкада (СИИД) мавҷуд аст, ки бо воситаи он тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти факултет идора карда мешавад.

 

Кормандони садорати факултет

·          Муовини декан оид ба таълим – омӯзгори калон, Бобоев Музаффар Муҳиддинович

·          Муовини декан оид ба тарбия – ассистент, Шарипов Фирӯз Фурқатович

·          Танзимгари факултет – Мавлонова Азиза Абдуҷаборовна

 

Кафедраҳо ва озмоишгоҳҳо

Кафедраи автомобилҳо ва идоракунӣ дар нақлиёт;

Кафедра фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ барои равия ва фанҳои тахассусии ин самт ва ихтисосҳо, ташкили курсҳои такмили ихтисос ва кӯтоҳмуддат оид ба технологияҳои ин соҳаҳо ба эҳтиёҷмандон аз рӯи шартнома хизмат мерасонанд, ба роҳ мондааст.

Фаъолияти кафедра дар самти тайёр намудани бакалаврҳо, магистрҳо, мутахассисон, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос, номзад ва докторҳои илм, ки дорои дониш  ва маҳорату малакаи баланди касбии барои бомуваффақият фаъолият намудани онҳо зарур ҳамчунин рушди қобилияти эҷодии донишҷӯ, қобилияти илмии докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ба роҳ монда шудааст.

Кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва бисёр ташкилотҳои соҳаи нақлиёт аз ҷумла ташкилотҳои ҶСК “АРЗ -4”, ҶСК “Сорбон”, ҶДММ “Сайёр”, ҶСП “Суғд - сервис”, ҶСК “Баҳром сервис”, ТДК - нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Хуҷанд, РМДНАХЛТ дар вилояти Суғд, КВД - нақлиёти Хуҷанд, Филлиали терминали “АББАТ” дар вилояти Суғд, ҶДММ “Темур” ҶДММ “Волга” ва дигарҳо ҳамкории зич дорад, инчунин оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзиҳоии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ бо ин ташкилотҳо шартномаҳои дутарафа баста шудааст.

Кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ;

Кафедра зерсохтори факултет буда, ҳамчун кафедраи умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ ва созандагии кафедра:

·          Илмҳои ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ:

·          Омӯзиши адабиёти замонавӣ бо мақсади муайян намудани муаммоҳои мубрами филологӣ ва ҷамъиятии тоҷик;

·          Омӯзиши адабиёти замонавӣ бо мақсади муайян намудани муаммоҳои мубрами филологӣ ва ҷамъиятии тоҷик;

·          Таҳқиқи муаммоҳои забон ва адабиёти тоҷик дар замони муосир;

·          Таҳқиқи муаммоҳои забон ва адабиёти тоҷик дар замони муосир;

·          Таҳқиқи муаммоҳои филологӣ ва ҷамъиятии тоҷик дар замони муосир.

 

Кафедраи сохтмон;

Кафедраи сохтмон дорои озмоишгоҳҳои физикаи муҳит ва конструксияҳои иҳотакунанда, геодезия,  масолеҳ ва конструксияҳои сохтмонӣ, муқовимати маводҳо буда бо тамоми таҷҳизотҳои муосири ба талаботҳои замона ҷавобгӯ муҷаҳҳаз мебошад.

Аз соли 2013 оғоз карда дар кафедра магистратура аз рӯи ихтисоси 700201 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрванӣ ва шуруъ аз соли 2015  аз руи ихтисоси 700201-08 энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон ба фаъолият шуруъ намуд.

Аз соли 2014  аз рӯи ихтисоси 700201 – сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ дар самти 6D072900 – сохтмон (PhD) дар докторантура аз тарафи омӯзгорони пуртаҷриба таҳсил дода мешавад.

Кафедра бо корхонаҳои истеҳсолӣ, бо бисёр ташкилотҳои сохтмонӣ, аз ҷумла ташкилотҳои Институти лоиҳакашии илмию-тадқиқотии назди оҷонсии сохтмон, шӯъбаҳои меъмории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва вилоят, бо институти лоиҳакашии «Бунёдгари Суғдзамин», Филиали ҶСК Пажӯишгоҳи илмӣ лоиҳакашӣ ҷустуҷӯи (САНИИОСП) дар вилояти Суғд, ширкати сохтмонии “Тиниал” ширкати сохтмонии “Суғдсофкор”, ҶДММ “Бунёдгари Суғдиён” ҳамкорӣ  ва алокаи зич дорад, инчунин оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзиҳоии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ шартномаҳои дутарафа баста шудааст.

 

Кафедраи меъморӣ;

Кафедраи меъморӣ яке аз ҷузъҳои асосии сохтори таълимӣ ва илмии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб рафта, дар самти тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои 1-690101–Меъморӣ (зинаи бакалавр) ва 1-69010105– Таъмири ёдгориҳои меъморӣ (зинаи магистратура) кафедраи асосӣ мебошад.

Кафедра дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмиллалӣ дар соҳаи меъморӣ фаъолият бурда истодааст. Устодони кафедра малаки калони таҷрибавӣ дошта, шогирдони худро ҳамасола барои иштирок дар озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, дохилидонишкадавӣ ва намоишгоҳҳо дар самти меъморӣ ва шаҳрсозӣ тайёр менамоянд ва ба ҷойҳои намунавӣ сазовор мегарданд. Устодон Юсупов Ф.Г.. ва Зокиров Р.Ш. аъзои Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон буда, Юсупов Ф.Г., барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи меъморӣ бо медали тиллои аз тарафи Иттифоқи меъморонӣ Тоҷикистон (соли 2018) сарфароз гардидаанд.

Устодони кафедра дар лоиҳаи байналхалқии таҳти мавзӯи “Арзёбии хатарҳои экологӣ ва кам кардани оқибатҳои онҳо ба ҷойҳои мероси фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” (ERAMCA) иштирок намуданд. Ҳадаф асосии лоиҳаи мазкур ин дарки ниёзҳои маҳаллӣ, таҳия ва татбиқи  барномаи магистрӣ, таҳия ва татбиқи   китобхонаи рақамӣ бо маводҳои гуногуни таълимӣ,  омӯзонидани омӯзгорон ва техникҳои маҳаллӣ оид ба муносибатҳои  байнисоҳавӣ мебошад.

 

Дар факултет 8 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст:

1.Озмоишгоҳи ташхиси таҷҳизотҳои барқии автомобилҳо – соли 2016 таъсис ёфтааст

2.Озмоишгоҳи ташхиси муҳаррики автомобилҳо – соли 2016 таъсис ёфтааст

3.Озмоишгоҳи хизматрасонӣ  ва таъмири автомобилҳо – соли 2016 таъсис ёфтааст

4. Озмоишгоҳи масолеҳҳо ва конструксияҳои сохтмонӣ – соли 2011 таъсис ёфтааст

5. Физикаи муҳит ва конструксияҳои иҳотакунанда – соли 2015 таъсис ёфтааст

6. Озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон – соли 2022, илмию тадқиқотӣ

7. Озмоишгоҳи муқовимати масолеҳҳо – соли 2017, таълимӣ

8. Графикаи муҳандисӣ – соли 2015 таъсис ёфтааст

 

Барномаҳои таҳсилотии бакалавриат

Дар факултет тибқи барномаҳо ва нақшаҳои таълим ва баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо истифода аз шаклҳои гуногуни таҳсил (рӯзона, фосилавӣ) ва зинаҳои таҳсилоти бакалавр, магистр ва докторантура (Phd) аз рӯйи ихтисос ба роҳ монда шудааст.

·     1-080101 – таълими касбӣ (аз рӯйи самтҳо)

Хатмкунандагони ихтисоси 1-080101 - таълими касбӣ дар чор самт кору фаъолият бурда метавонанд инҳо:

1-080101-03-таълими касбӣ (энергетика);

1-080101-05-таълими касбӣ (сохтмон);

1-080101-07-таълими касбӣ (информатика);

1-080101-09-таълими касбӣ (нақлиёти автомобилӣ).

 

·     1-370107 - хизматрасонии автомобилӣ;

·                        Хатмкунандаи ихтисоси “1-37 01 07 - хизматрасонии автомобилӣ” барои фаъолият дар системаҳои хизматрасонии техникӣ, ташхис ва таъмири автомобилҳо; муассисаҳо ва ташкилоти нақлиёти автомобилии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакаши-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои автосервисӣ, марказҳои фирмавӣ ва диллерии наклиёти автомобилӣ, хизмарасонии маркетингӣ ва нақлиётию экспедитсионӣ, системаи таъминоти маводҳои техникӣ, хизматрасонии фуруши яклухт ва чаканаи нақлиёти автомобилӣ омода карда мешавад

·     1-440101 - ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;

·     Хатмкунандаи ихтисоси “1-44 01 01 - ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ” метавонад фаъолият намояд: муассисаҳо ва ташкилоти комплекси нақлиётии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакашӣ-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, марказҳои фирмавӣ ва дилерӣ, кассаҳои фурӯши чиптаҳои ҳамлу нақлӣ, мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ, муассисаҳо ва ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ, мақомотҳои минтақавии идоракунии инспексияи нақлиётӣ ва инспексияи нақлиётии давлатӣ, системаҳои минтақавии интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, муассисаҳо ва ташкилоти таъминоти иттилоотии системаҳои истеҳсолӣ - технологӣ, органҳои идораи минтақавии нақлиёт ва хадамоти давлатии нақлиётӣ, фаъолияти маркетингӣ ва қисматҳои омӯзиши таъминот дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, тартиби истеҳсолот ва савдо, ташкилот ва корхонаҳое, ки системаи иттилоотии истеҳсолӣ ва нақлиётиро таъмин мекунад, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкили кори терминалҳои боркашон, мусофирбар, марказҳои логистикӣ анборҳои тиҷоратиро дарбар мегирад.

·     1-690101 - меъморӣ;

Баъди аз худ намудани барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси мазкур дар шакли таҳсили рӯзона ва баъд аз хатм ба хатмкунанда касбият ва дараҷаи зерин дода мешавад: тахассуси касбӣ – меъморӣ ва дараҷаи касбӣ – бакалаври техника ва технологияҳо аз рӯи ихтисоси “1-69 01 01 - меъморӣ”.

Хаткунандагон ҳамчун меъмор - лоиҳакаш дар шуъбаҳои меъморӣ шаҳрсозӣ ва дар корхонаҳои лоиҳакашии назди онҳо фаъолият мебаранд.

·     1-700101 - саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ;

·        Хатмкунандаи ихтисоси “1-700101 – Истеҳсоли маснуот ва конструксияҳои сохтмонӣ” барои фаъолият дар корхонаҳои истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ, маҳсулотҳои сохтмонӣ, конструксияҳо, пажӯишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳавӣ, ташкилотҳои сохтмонӣ, корхонаҳои  коммуналӣ-маишӣ; шаҳрҳо ва ноҳияҳои кишоварзӣ, ки бевосита ба соҳаи мазкур алоқаманд аст, омода карда мешаванд.

·     1-700201 - сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;

·        Объекти фаъолияти касбӣ ихтисоси 700201 “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”: биноҳои шаҳрвандӣ, саноатӣ, муҳандисӣ, масолеҳҳои сохтмонӣ, маснуот ва конструксияҳо, системаи газугармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ, объектҳои инфраструктураи шаҳрӣ ва хоҷагии коммуналии манзилӣ, мошинҳо, комплексҳои технологӣ ва системаҳои автоматикунони, ки дар сохтмон истифода мешаванд, таъмир ва таҷдиди объектҳои сохтмонӣ ва объектҳои хоҷагии коммуналӣ-манзилӣ

 

Барномаҳои таҳсилотии магистратура

·          1-080101 – таълими касбӣ (аз рӯйи самтҳо), дараҷаи таҳсилот 2 сола буда, шакли таҳсилот рӯзона аст. Аз рӯйи чор самт таҳсил карда мешавад:

·           Фаъолияти касбию педагогӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ;

·          Фаъолияти касбию педагогӣ дар соҳаи сохтмон;

·          Фаъолияти касбию педагогӣ дар соҳаи энергетика;

·          Фаъолияти касбию педагогӣ дар соҳаи саноати хӯрока.

 

·     1-370107 - хизматрасонии автомобилӣ;

Магистрони хизматрасонии автомобилӣ барои фаъолият дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди милли кишвар, ташкилоту корхонаҳои шакли ҳуқуқиашон гуногун тайёр карда мешавад.

Фаъолияти мутахассисони ихтисоси хизматрасонии автомобилӣ ба  таҳияву татбиқи қарорҳои ташкилию технологӣ ва хоҷагидорӣ дар ҳамаи мақомотҳои соҳавӣ ва корхонаву ташкилотҳои хоҷагидорӣ равона карда шудааст. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз худ кардани барномаи магистратура, омодагӣ мебинад, чунинанд:

-       фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-муҳаққиқӣ;

-       фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ;

-       фаъолияти ташкилотчигӣ-идоракунӣ, лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;

-       фаъолияти таълимӣ.

·     1-440101 - ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ;

Магистрони ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрӣ барои фаъолият дар муассисаҳо ва ташкилоти комплекси нақлиётии дорои шаклҳои гуногуни хоҷагидорӣ, ташкилоти лоиҳакашӣ-технологӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, бозрасии давлатии автомобилӣ, муассисаҳои нақлиёти автомобилӣ, марказҳои фирмавӣ ва дилерӣ, кассаҳои фурӯши чиптаҳои ҳамлу нақлӣ, мақомоти бехатарии ҳаракат дар роҳ, муассисаҳо ва ташкилотҳои нақлиётию экспедитсионӣ, мақомотҳои минтақавии идоракунии инспексияи нақлиётӣ ва инспексияи нақлиётии давлатӣ, системаҳои минтақавии интиқоли бор ва мусофиркашонӣ, муассисаҳо ва ташкилоти таъминоти иттилоотии системаҳои истеҳсолӣ – технологӣ, органҳои идораи минтақавии нақлиёт ва хадамоти давлатии нақлиётӣ, фаъолияти маркетингӣ ва қисматҳои омӯзиши таъминот дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, тартиби истеҳсолот ва савдо, ташкилот ва корхонаҳое, ки системаи иттилоотии истеҳсолӣ ва нақлиётиро таъмин мекунад, хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ташкили кори терминалҳои боркашон, мусофирбар, марказҳои логистикӣ анборҳои тиҷоратиро дарбар мегирад.  шакли њуќиашон гуногун тайёр карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбие, ки аз рӯи онҳо хатмкунанда пас аз худ кардани барномаи магистратура, омодагӣ мебинад, чунинанд:

-         фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-муҳаққиқӣ;

-         фаъолияти истеҳсолӣ-технологӣ;

-         фаъолияти ташкилотчигӣ-идоракунӣ, лоиҳакашӣ-тарҳрезӣ;

-         фаъолияти таълимӣ.

·                        1-690101mта– таъмири ёдгориҳои меъморӣ

Хатмкардагони зинаи магистратураи ихтисоси мазкур ба барқарорсозии муҳити таърихии меъморӣ машғул мешаванд, аз ҷумла лоиҳаҳои биноҳо ва иншооти таърихиро барои мувофиқ шудани онҳо ба талаботи замонавӣ таҷдид мекунанд,  аҳамияти биноҳои таърихиро дар мероси таърихию фарҳангии ҷомеа муайян менамоянд, натиҷаҳои корҳои барқароркуниро назорат ва баҳо медиҳанд.

·     1-700201-08 - энергияи барқароршаванда ва сарфаи энергия дар сохтмон;

·                        Доираи фаъолияти касбии магистр инҳоро дарбар мегирад:  Ҷори намудани  усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, истифодаи маводҳои замонавии энергосамаранок  барои сохтмони иншоотҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо, дархостҳо, гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ ва ташхис, ҷамъоварӣ, коркард, ташхис ва ба системаи муайян даровардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани таҷҳизотҳои истеҳсоли энергияи барқароршаванда,  тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо.

·     1-700201 mта - сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ;

·                        Хусусияти тахассуснокӣ талаботи касбиро нисбати тайёр намудан ва истифода бурдани ихтисоси сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандиро  муайян менамояд. Доираи фаъолияти касбии магистр инҳоро дарбар мегирад:  Ҷори намудани  усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, ташкил намудани маводҳои ибтидои барои сохтмони иншоотҳо, барномаҳо, лоиҳаҳо,  сметаҳо, дархостҳо, гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ ва ташхис, ҷамъоварӣ, коркард, ташхис ва ба системаи муайян даровардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани нақшаҳои генералӣ ва коркарди нақшаҳои генералии биноҳо ва иншоотҳо,  тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо. Ҳисоб намудани конструксияҳои алоҳидаи биноҳо ва иншоотҳо бо истифода аз барномаҳои компютерӣ.

 

Барномаҳои таҳсилотии докторантура (PhD)

1-6D090100 - Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт

Дар докторантура аз рўйи ихтисоси ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт тайёр намудани кадрҳои илмӣ бо додани дараҷаи олии академии "доктори фалсафа (РhD), доктор аз рўйи ихтисоси - Ташкили ҳамлу нақл, ҳаракат ва истифодабарии нақлиёт" амалӣ карда мешавад. Барномаи таълимии тайёр намудани доктори фалсафа (РhD) самти илмӣ-педагогӣ дошта, омўзиши бунёдӣ, таълимӣ, методологӣ, таҳқиқотӣ ва таҳсили амиқи фанҳоро аз рўйи самтҳои дахлдори илм барои низоми таҳсилоти олӣ ва баъдидипломӣ ва соҳаи илмию таҳқиқотӣ пешбинӣ менамояд. Дараҷаи таълими қаблии шахсоне, ки хоҳиши аз худ кардани барномаи таълимии докторантура аз рўйи ихтисосро доранд - магистр хатм намудаанд.  

·           6D072900 - Сохтмон 

·                        Доираи фаъолияти касбии (PhD) докторантура инҳоро дарбар мегирад:  Гузаронидани тадқиқотҳои илми оиди коркардаи усулҳои пешқадами ташкили меҳнат, истифодаи маводҳои замонавии энергосамаранок, омода намудани мақолаҳои илмӣ оиди тадқиқотҳои гузаронидашуда. Гирифтани натиҷаҳои тадқиқот ва баррасии он дар конференсияҳои илмӣ-тадқиқотӣ, ба системаи муайян овардани ахборотҳои илмию технологӣ, ба лоиҳа гирифтани ва  тартиб додани моделҳои ҳисоби биноҳо, иншоотҳо ва конструксияи онҳо. 


: 673

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 06.12.2025
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
ZYPL.AI — СТАРТАПИ ТОҶИКӢ, КИ ҶАҲОНИ МОЛИЯРО БО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАҒЙИР МЕДИҲАД
  • 06.12.2025
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ САНОАТИ САБУК ДАР ШАРОИТИ ИНДУСТРИАЛӢ-ИННОВАТСИОНӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены