ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд даври донишкадавии озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид.
Озмуни мазкур байни донишҷўёни фаъолу қобилиятноки ҳамаи тахассусҳои факултетҳои донишгоҳ гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 120 нафар донишҷўён фаъолона ширкат варзиданд.
Бояд қайд намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат, таҳкими Ваҳдати миллӣ, эъмори модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти қобилияти кордониву роҳбарӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат миёни қишри ҷавони аҳолии кишвар, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (бакалавр ва магистр) доир гардид.
Ҳайати доварони озмун донишу маҳорати донишҷӯёнро баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуда, ғолибон ба даври минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд.
Шуъбаи иттиллот ва кор бо ҷомеа