ИФТИХОРИ МО: МАҚОМИ АВВАЛИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ “ЭЛЕКТРОТЕХНИКА 2026”
Олимпиадаи байналмиллалӣ “Электротехника 2026”, ки бо иқдоми Донишгоҳи давлатии техникии Тамбови Федератсияи Россия тариқи сомонаи www.vsoee.ru бо усули маҷозӣ баргузор шуд.
Дар ин озмун 6 нафар ғолиби даври донишкадавӣ, аз Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар оғози Олимпиадаи байналмиллалӣ “Электротехника 2026”, намояндаи донишкада, ассистенти кафедраи таъминоти барқ ва автоматика М.Ҷӯраев тариқи маҷозӣ баромад намуд. Натиҷаи озмун эълон гардида, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки аз Абӯбакр Абдуллоев, донишҷӯйи курси 2, ихтисоси таъмини барқи донишкада ҷойи аввалро дар Олимпиадаи байналмиллалии “Электротехника 2026” ба даст овард.
Бояд қайд намуд, ки қаблан даври донишкадавии олимпиадаи мазкур байни донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4 ихтисосҳои таъмини барқ”, ҳаракатоварҳои автоматии барқӣ” ва дастгоҳҳо ва низомҳои биотехникӣ ва тиббӣ” бо мақсади баланд бардоштани дониши донишҷӯён ва тахассусияти онҳо баргузор шуда буд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО