ОҒОЗИ ИҚДОМИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ДАР ДОНИШКАДА
Субҳи имрӯз, санаи 27.04.2026., дар доираи иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» донишҷӯён ва устодони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш либоси атласу адрас ва чакан ба бар намуда, дар ин иқдом фаъолона иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки он бо мақсади арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги бою пурғановати халқи тоҷик, тарғиби либосҳои миллӣ, худдорӣ ва дурӣ ҷустан аз фарҳанги бегонагон гузаронида шуд. Ба бар намудани либоси миллӣ ва тарғиби он байни аҳолӣ дар пешгирӣ намудани либоспӯшии баъзе занону духтароне, ки ба либос ва фарҳанги бегона тақлид менамоянд, таъсир мегузорад.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти имсол бо дахли ҳифзи фарҳагну тамаддуни миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳон чунин гуфтанд: «Модарону бонувони мо – тоҷикон низ тарзи хоси либосҳои миллӣ доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос менамуд. Аз ин лиҳоз, мо бояд ба хотири ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ воридшавии либосҳои ба ном динӣ, аммо ба урфу одат ва фарҳанги мо бегонаро пешгирӣ намоем».
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин иқдом аз санаи 27-уми апрел то 2-юми майи соли равон идома меёбад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО