• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    СЕМИНАР: МАСОИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ
СЕМИНАР: МАСОИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Бо мақсади арҷгузорӣ ба дастовардҳои илмӣ, тақвияти фаъолияти таҳқиқотӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷоннок намудани фаъолияти илмии устодони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.
Дар семинар устодон, муҳаққиқони кафедра ва намояндагони Раёсати донишкада иштирок намуданд. Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ Муҳайё Ҳотамова ифтитоҳ намуда, аҳамияти илмро дар рушди ҷомеа, махсусан дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва рақамикунонӣ таъкид кард. Мавсуф зикр намуд, ки дар чунин шароит аҳамияти илм беш аз пеш меафзояд.
Қайд гардид, ки Рӯзи илми тоҷик на танҳо як ҷашни касбӣ, балки рамзи эҳтиром ба дониш, маърифат ва пешрафти ҷомеа мебошад. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардидааст. Ин пешравиҳо, пеш аз ҳама, бо сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд мебошанд. Маҳз бо дастгирии Роҳбари давлат имрӯз барои ҷавонон тамоми шароит ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмӣ муҳайё гардидааст. Ҷоизи қайд мебошад, ки айни замон дар кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ наздик ба 50 фоизи омӯзгорон дорои дараҷаи илмӣ мебошанд.
Дар рафти семинари илмӣ маърӯзачиён доир ба масъалаҳои муҳими рушди илм, роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқот ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Нахуст, маърӯзаи илмиро омӯзгори калони кафедра, номзади илмҳои филологӣ Муаттара Раҳматова дар мавзӯи «Таърихи ташаккули шумораҳои тартибӣ дар “Шоҳнома”-и А. Фирдавсӣ» манзури ҳозирин намуд.
Сипас, дар мавзӯи «Масоили фарҳанги миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» маърӯзаи илмӣ аз ҷониби омӯзгори калони кафедра Муҳайё Ҳотамова пешниҳод гардид. Ҳамчунин, омӯзгори калони кафедра, Исматулло Норов дар мавзӯи «Саҳми академик Солеҳ Раҷабов дар рушди илми ҳуқуқ» баромади илмӣ намуд.
Ҳамаи маърӯзаҳо дорои аҳамияти мубрам буда, ҷанбаҳои амалӣ дар рушди илми тоҷикро фаро мегирифтанд. Пас аз анҷоми маърӯзаҳо қисми музокира оғоз гардида, иштирокчиён ба маърӯзачиён саволу пешниҳодҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 12

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 28.04.2026
ОҒОЗИ ИҚДОМИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ДАР ДОНИШКАДА
ОҒОЗИ ИҚДОМИ “ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ” ДАР ДОНИШКАДА
  • 28.04.2026
СЕМИНАР: МАСОИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ
СЕМИНАР: МАСОИЛИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены