• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР ДОНИШКАДА
 ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР ДОНИШКАДА
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР ДОНИШКАДА

Имрӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Наврӯзи байналмилал ҳамоиши идона баргузор шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят Мӯсобек Самеъзода, раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ба донишкада ташриф оварда, шодишарики чорабинии идона гардиданд.
Нахуст меҳмонон аз дастовардҳои донишкада шинос шуда, ба раванди пухтани сумалак ба истиқболи Наврӯзи байналмилал мароқ зоҳир намуданд.
Бозиҳои гуногуни варзишии наврӯзӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишкада ба меҳмонон намоиш дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки чунин бозиҳои варзишӣ дар донишкада бо мақсади эҳё ва тарғиби бозиҳои суннатии миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мунтазам ташкил карда мешавад. Ин гуна чорабиниҳо барои нигоҳдории мероси фарҳангӣ, рушди анъанаҳои миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муҳим мебозанд.
Сипас меҳмонон аз хони оростаи наврӯзии раёсат ва факултетҳои донишкада шинос шуда, ба маҳаорати оростан ва кадбонугии эшон баҳо доданд.
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода меҳмононро ба донишкада хайрамақдам гуфта, ҳамгонро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилал табрик намуда, аз ҷумла афзуд, ки барои ҷаҳонишавии Наврўз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Бо талош ва пофишориҳои муҳтарам Пешвои миллат 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид, таҳти фасли 49, ки унвони “Фарҳанги ҷаҳон”-ро дорад, Қарорномаи “Рўзи ҷаҳонии Наврўз” ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҳамасола дар кишварҳои ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рўзи байналмилалии Наврўз таҷлил мегардад. Маҳз расму ойинҳои инсонпарваронаи Наврӯз ва дигар ҷашнҳои ориёӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргон, ки дар кишвари мо аз баракати соҳибистиқлолӣ эҳё гардидаанд, омили пойдориву мондагории арзишҳои милливу фарҳангӣ ва илмиву адабии мардуми ориёитабор дар саҳифаҳои таърих мебошанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода устодон ва донишҷӯёни донишкадаро бо Иди Наврӯз табрик гуфта, аз ҷумла таъкид дошт, ки Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи тамаддунсози ниёгони мо пайванди азалӣ дошта, расму ойинҳои он рамзҳое доранд, ки аз замонҳои бостонӣ то имрӯз рӯзгори мардуми фарҳангиву ободгар ва инсондӯсту таҳаммулгарои моро ҳамроҳӣ мекунанд. Наврӯз ҷашни сирф мардумӣ ва табиӣ буда, ба ҳеҷ дину мазҳаб алоқаманд нест, балки бо ҳаёти инсон ва табиат робитаи ногусастанӣ дорад. Дар Паёмҳои шодбошии ҳарсола Пешвои миллат ба ҷойгоҳу манзалати ҷашни Наврӯз ва рисолати таърихии он баҳои баланд медиҳанд. Тавре ки дар яке аз он паёмҳои шодбошӣ таъкид намудаанд, «мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад».
Раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маорифи вилоят Мӯсобек Самеъзода низ ҳозиринро бо ҷашни миллии Наврӯз табрик гуфта, қайд намуд, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ Наврўз – ҷашни ниёгони соҳибфарҳанги мо эҳё гардида, мазмуну моҳияти нав пайдо карда, ҳоло ба яке аз беҳтарин оинҳои мардуми мамлакат табдил ёфтааст. Дар кишвари соҳибистиқлоли мо солҳои охир ба истиқболи ин ҷашни фархунда баробари иҷрои суннатҳои он, инчунин вусъат додани корҳои созандаву ободгарона, сохтмони иншооти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ – мактабу кўдакистонҳо, марказҳои саломатӣ, бунёди боғҳо, корхонаҳои истеҳсоливу роҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъанаи нек даромадааст. Соли ҷорӣ, ки таҷлили шоистаи 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, Наврӯзи оламафрӯзро бо дастовардҳои навин бо файзу нусрат ва дар фазои озоду сулҳу субот, кишвари соҳибихтиёру обод мутантан таҷлил хоҳем намуд.
Озмуни донишкадавии “Хони наврузӣ” аз ҷониби ҳайати ҳакамот натиҷагирӣ ва ғолибон муайян шуданд. Ҳамин тавр, мақоми аввалро факултети сохтмон ва нақлиёт, зинаи дуюмро факултети муҳандисӣ-технологӣ ва ҷойи сеюмро факултети энергетика ва ба даст оварданд. Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Сипас ба як қатор устодон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Барномаи рангини ватандӯстона ба чорабинии Идонаи Наврӯзи байналмилал ҳусни дигар зам намуд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 17

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 18.03.2026
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР ДОНИШКАДА
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛ ДАР ДОНИШКАДА
  • 18.03.2026
НАВРӮЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА
НАВРӮЗ ҲАМЧУН ОМИЛИ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА ВАҲДАТИ ҶОМЕА

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены