Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сеюмин Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Таҳсилоти олӣ ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон: уфуқҳои нави ҳамкорӣ» баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, ҳамчун майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои ду кишвар арзёбӣ гардид. Форум бо ҳадафи таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаи маорифи олӣ ва илм, рушди робитаҳои академӣ, густариши табодули таҷриба ва ташаккули фазои ягонаи таълимӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.
Дар доираи Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо як қатор донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мубодилаи афкор сурат гирифта, ҳамзамон созишномаҳои муҳими ҳамкориро ба имзо расонид. Аз ҷумла, дар ҷараёни форум бо 4 муассисаи пешбари таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ ба тасвиб расиданд: Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро – Созишнома оид ба татбиқи ҳамкорӣ дар самти фаъолнокии академӣ, барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқоти илмӣ; Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи Ислом Каримов – Меморандум оид ба рушди ҳамкории байнидонишгоҳӣ дар соҳаҳои таълим, илм ва инноватсия; Донишкадаи давлатии техникии Андиҷон – Меморандум оид ба табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, инчунин амалисозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва Донишкадаи технологии нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд – Меморандум оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои таҳсилоти муҳандисӣ ва тадқиқоти илмӣ ба имзо расиданд.
Таъкид шуд, ки имзои ин созишномаҳо имкониятҳои навро барои рушди фаъолнокии академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ, иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам байни донишгоҳҳои ду кишвар фароҳам меорад. Ин иқдоми муҳим ба таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ дар минтақа ва баланд бардоштани сатҳи ҳамкории байналмилалии донишкада мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ВАО