Дар шаҳри Хуҷанд барномаи 10-рӯзаи “AI Bootcamp: Solution Lab x Farovon” баргузор гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Британияи Кабир ва Бунёди Оғохон ташкил шуд.
Дар чорабинӣ 45 мутахассиси ҷавон ширкат варзиданд, ки 12 гурӯҳро барои таҳияи ҳалли амалӣ дар соҳаи таҳсилоти корпоративӣ ташкил доданд. Дар ду рӯзи аввали интенсивӣ офлайн иштирокчиён ба масъалаи пешниҳоднамудаи ширкати Farovon амиқ ворид шуда, ба тарҳрезии экосистемаи рақамӣ оғоз намуданд, ки ҳадафаш баланд бардоштани самаранокии омӯзиши корпоративӣ мебошад.
Дар тамоми давраи Bootcamp гурӯҳҳо аз панҷ ментор дастгирии коршиносӣ гирифтанд, ки ба онҳо имконият дод идеяҳоро мукаммал гардонанд, фарзияҳоро бисанҷанд ва лоиҳаҳоро барои ҳимояи ниҳоӣ омода созанд.
Лаҳзаи муҳим барои Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд он буд, ки аз 12 гурӯҳи иборат аз 5–6 нафар, чор гурӯҳро донишҷӯёни донишкада ташкил карданд. Ин далели равшани дониш ва малакаи донишҷӯёни фаъол аст. Онҳо бо масъулияти ҷиддӣ ба супоришҳо муносибат намуда, бо муваффақият иҷро карданд ва дар натиҷа аз ҷониби ташкилкунандагони озмун ба кор даъват гардиданд.
Даври ниҳоии он баргузор шуд, ки дар он ҳамаи гурӯҳҳо ҳалли худро пешниҳод намуда, барои фонди ҷоизаи ба маблағи 15 000 сомонӣ рақобат карданд.
Бояд қайд намуд, ки ин барнома ба майдони муҳими шиносоии нав, мубодилаи таҷриба, рушди равишҳои инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои таълимӣ ва тиҷоратӣ табдил ёфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО