ОҒОЗИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ДАР ДОНИШКАДА
Бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 1-уми январи соли 2026 таҳти № АП- 951 доир ба баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар донишкада даври аввали озмун байни донишҷӯён, кормандон ва омӯзгорон оғоз шуд.
Озмун аз рӯйи низомномае, ки дар он шартҳо ва тартиби баргузории озмун таҳия гардидааст, роҳандозӣ гардидааст.
Ҳамаи иштирокчиён бо низомномаи нави озмун шинос гардида, таҳти роҳнамоии омӯзгорон омодагии ҷиддӣ мебинанд. Озмун на танҳо мусобиқаи адабӣ, балки мактаби бузурги маърифат, худшиносӣ ва рушди зеҳнӣ барои ҷавонон маҳсуб шуда, дар тарбияи насли китобдӯсту донишманд саҳми арзанда мегузорад.
Бояд қайд намуд, ки баҳри тарғиб ва ҷалби донишҷӯёну устодон ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳар як факултет ва китобхонаҳои донишкада лавҳа оид ба Озмун ташкил карда шудааст. Инчунин дар се китобхонаҳои Донишкада намоиши китобҳо аз рӯйи номинатсияҳо ташкил карда шудааст, ки аз ин намоишҳо донишҷӯён ва кормандону омӯзгорон китобҳои лозимаи худро дарёфт намуда, ба худ ғизои маънавӣ мегиранд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО