НАҚШИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ УСТУВОРИ ҶАВОНОН
Дар шароити рушди босуръати иқтисоди
ҷаҳонӣ масъалаи таъмини шуғли устувори ҷавонон аҳамияти махсус пайдо намудааст.
Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва
иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Имрӯз рушди давлат аз сатҳи касбият, дониш ва
малакаҳои амалии ҷавонон вобастагии калон дорад. Аз ҳамин сабаб таҳсилоти касбӣ
ҳамчун яке аз воситаҳои асосии омода намудани мутахассисони рақобатпазир
аҳамияти калон дорад.
Дар
сиёсати давлатӣ ба масъалаи таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо ва Паёмҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки
ҷавонон бояд соҳиби касб бошанд ва тавонанд дар бозори меҳнат мавқеи устувор
пайдо намоянд. Зеро танҳо шахси дорои дониш ва касби мушаххас метавонад дар
шароити рақобати иқтисодӣ фаъолият намояд.
Имрӯз
бозори меҳнат талаботи нав дорад. Корфармоён бештар мутахассисони дорои
малакаҳои амалӣ, дониши технологияҳои муосир ва қобилияти кор дар шароити навро
талаб мекунанд. Аз ин рӯ, таҳсилоти касбӣ барои ҷавонон имконияти хуб барои
ворид шудан ба бозори меҳнат мебошад.
Яке
аз бартариҳои таҳсилоти касбӣ дар он аст, ки он донишҳои назариявиро бо
таҷрибаи амалӣ пайваст менамояд. Донишҷӯён дар баробари омӯзиши назария,
малакаҳои амалиро низ аз худ мекунанд. Ин ҳолат ба онҳо имкон медиҳад, ки пас
аз хатми таҳсил зуд ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ намоянд.
Муҳити
оила дар интихоби касб ва рушди касбии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Агар
волидон фарзандонро ба омӯзиши касб ҳидоят намоянд, ҷавонон имконияти бештар
барои муваффақ шудан пайдо мекунанд. Аммо баъзан мушоҳида мешавад, ки бархе
ҷавонон ба таҳсил аҳамияти кам медиҳанд ва ба корҳои муваққатӣ машғул мешаванд.
Ин ҳолат метавонад имкониятҳои рушди касбии онҳоро маҳдуд созад.
Ҳамзамон,
рушди технологияҳои муосир ба бозори меҳнат тағйироти ҷиддӣ ворид намудааст.
Имрӯз талабот ба мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, истеҳсолот,
хизматрасонӣ ва соҳибкорӣ зиёд шудааст. Аз ҳамин сабаб ҷавонон бояд кӯшиш
намоянд, ки касбҳои ба талаботи замон мувофиқро интихоб намоянд.
Дар
солҳои охир барои рушди таҳсилоти касбӣ дар кишвар шароити мусоид фароҳам
оварда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардида,
барномаҳои нави таълимӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ин ҳолат ба баланд гардидани
сифати таҳсил мусоидат мекунад.
Рушди
соҳибкории ҷавонон низ бо таҳсилоти касбӣ алоқамандии зич дорад. Ҷавононе, ки
соҳиби касб мебошанд, метавонанд фаъолияти соҳибкориро оғоз намоянд ва ҷойҳои
нави корӣ таъсис диҳанд. Ин раванд барои рушди иқтисоди миллӣ аҳамияти калон
дорад.
Илова бар ин, таҳсилоти касбӣ ба паст
гардидани сатҳи бекорӣ мусоидат мекунад. Агар ҷавонон соҳиби касб бошанд, онҳо
метавонанд дар соҳаҳои гуногун фаъолият намоянд. Ин ҳолат ба беҳтар гардидани
вазъи иҷтимоии ҷомеа низ таъсири мусбат мерасонад.
Дар
баробари донишҳои касбӣ, ҷавонон бояд малакаҳои иловагӣ низ дошта бошанд.
Масалан, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаҳои муошират ва истифодаи
технологияҳои рақамӣ барои рушди касбӣ хеле муҳим мебошад.
Муассисаҳои таълимӣ, оила ва ҷомеа бояд
дар самти тарбияи касбии ҷавонон ҳамкорӣ намоянд. Муассисаҳои таълимӣ бояд
барномаҳои муосири таълимиро истифода баранд. Оила бошад, бояд ҷавононро барои
интихоби касби дуруст дастгирӣ намояд. Ҷомеа низ бояд барои рушди касбии ҷавонон
шароити мусоид фароҳам оварад.
Имрӯз
ҷавонон имкониятҳои зиёди омӯзиш ва рушди касбиро доранд. Аммо истифодаи
самараноки ин имкониятҳо аз худи ҷавонон вобаста мебошад. Агар ҷавонон фаъол
бошанд ва барои омӯзиши касб кӯшиш намоянд, онҳо метавонанд дар зиндагӣ
муваффақ шаванд.
Таҳсилоти касбӣ яке аз омилҳои асосии
таъмини шуғли устувори ҷавонон мебошад. Дониш ва касб имконият медиҳанд, ки
ҷавонон мавқеи худро дар ҷомеа пайдо намоянд ва сатҳи зиндагии худро беҳтар
созанд. Аз ҳамин сабаб, рушди таҳсилоти касбӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзиши касб
яке аз вазифаҳои муҳими давлат, ҷомеа ва оила ба ҳисоб меравад.
Мадина
Холбутаева,