• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ИҚТИСОДИ “САБЗ” ҲАМЧУН ГАРАВИ ТАЪМИНИ НАСЛИ НАВРАС БО ОЯНДАИ ДУРАХШОН
 ИҚТИСОДИ “САБЗ” ҲАМЧУН ГАРАВИ ТАЪМИНИ НАСЛИ НАВРАС БО ОЯНДАИ ДУРАХШОН
ИҚТИСОДИ “САБЗ” ҲАМЧУН ГАРАВИ ТАЪМИНИ НАСЛИ НАВРАС БО ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Иқтисоди “сабз” – ин як шохаи илми иқтисодӣ мебошад, ки иқтисодиётро ҳамчун ҷузъи вобастаи муҳити табии мешуморад. Иқтисодиёт ва табиат алоқаи зич доранд, ки принсипҳои пешгирифтаи фаъолияти иқтисодӣ ба дигаргуншавии муҳити зист ва табият оварда мерасонад. Дар навтати худ дигаргунии табиат низ ба иқтисодиёт таъсири мусбат ё манфии худро мерасонад.

Ҷорӣ намудани принсипҳои иқтисоди “сабз” – ин таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти давлат мебошад, ки рушди устувор – ин худ пешравии иқтисодиёти давлатро дар назар дорад, ки ба насли оянда танҳо таъсири мусбии худро мерасонад. Яке аз воситаҳои асосии расидан ба рушди устувор ин ташкили иқтисодиёти “сабз” мебошад ва ташкилотҳое, ки дар асоси принсипҳои иқтисодиёти “сабз” ифтитоҳ меёбанд, танҳо маҳсулотҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба мардум пешниҳод менамоянд. Аз ин рӯ маълум мешавад, ки муҳимияти ташкили принсипҳои иқтисоди “сабз” хеле боло аст.

Хушбахтона дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъзе унсурҳои иқтисодиёти “сабз” аллакай дида мешавад. Соли 2021 дар ҷумҳурии азизамон 96% (фоизи) неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, яъне асосан бо истифода аз неруи оби истеҳсол гардида, яке аз кишварҳои пешбарандаи принсипҳои иқтисоди “сабз” эътироф гардидааст. Бобати масъалаи зерин 17 сентябри соли 2025, дар вохӯрӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: “Бо амалисозии нақшаву барномаҳои миллӣ соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин гардида, дар ин замина аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад”. Пешвои миллат, дар дигар баромади худ қайд карданд, ки “Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» соли 2037 воқеан ба «кишвари сабз» табдил меёбад”.

Дар Паёми охирони худ, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар пойтахти кишвар шуда гузашт, Пешвои миллат бобати мавзуи мазкур қайд карданд: “Ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим бояд эътибори аввалиндараҷа дода шавад”.

Вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат соли 2022 Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2037 қабул шуд. Стратегияи мазкур аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои соҳавӣ, идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, таҳия шудааст. Стратегияи мазкур ба тадбирҳои гузаронидани ислоҳоти инстутитсионалӣ, истифодаи самараноки сармояи табии, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти иқтисоди «сабз» нигаронида шудааст. Мувофиқи стратегия амалӣ намудани иқтисоди «сабз» ҳамчун як низоми томи хоҷагидорӣ, истифодаи воситаҳои муайянро тақозо мекунад, аз ҷумла:

1. Афзоиши сармоягузории давлатӣ ба инфрасохтори бо принсипи рушди устувор асосёфта ва сармояи табии бо мақсади барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ ва афзоиш додани ҳаҷми он.

2. Дастгирии мақсадноки давлат оиди таҳқиқот ва корҳои илмие, ки ба истифодаи технологияҳои тозаи экологӣ марбутанд.

3. Нархгузорӣ ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ буда, аз ҷумла даст кашидан аз мусоидати молиявии бесамар, дуруст муайян намудани арзиши захираҳои табиӣ ва андозбандии захираҳое, ки истихроҷи онҳо ба муҳити зист зарар мерасонад.

4. Татбиқи сиёсати хариди давлатӣ нисбат ба субъектҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти экологӣ ва истифодабарандаи усулҳои истеҳсол, ки ба принсипҳои рушди устувор мутобиқ мебошанд.

Амалӣ намудани чораҳои мазкур, ҷорӣ намудани иқтисодиёти “сабз” ба таъмини рушди устувор дар соҳаҳои иқтисодиёт, суботи иҷтимоӣ, мувозинати экологӣ ва расидан ба ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар бар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд. Дар ин самт мо бояд бетараф набошем ва саҳми худро гузорем.

Хулоса, иқтисоди “сабз” омили калидӣ мебошад, ки насли наврас, ояндаи давлату миллатро бо зиндагии шоиста ва безарар таъмин менамояд. Агар расидан ба ҳадафи мазкур чунин муҳим бошад, мо ҷавонон ҳамаи қувваю малакаи ҳудро дар ин роҳи муфид бояд сарф кунем.

Шарифҷон Сатторов,

устоди ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд


: 13

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 24.02.2026
НАҚШИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ УСТУВОРИ ҶАВОНОН
НАҚШИ ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ ДАР ТАЪМИНИ ШУҒЛИ УСТУВОРИ ҶАВОНОН
  • 24.02.2026
ИҚТИСОДИ “САБЗ” ҲАМЧУН ГАРАВИ ТАЪМИНИ НАСЛИ НАВРАС БО ОЯНДАИ ДУРАХШОН
ИҚТИСОДИ “САБЗ” ҲАМЧУН ГАРАВИ ТАЪМИНИ НАСЛИ НАВРАС БО ОЯНДАИ ДУРАХШОН

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены