ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШКАДА БА ДАРСИ ГЕОДЕЗИЯИ МУҲАНДИСИИ КАФЕДРАИ СОХТМОН
Дар донишкада анъанаи неки шиносоӣ бо ҷараёни таълим ва сифати азхудкунии донишҳои амалии донишҷӯён идома дорад. Директори донишкада Хурсанд Содиқзода бо мақсади назорати мустақими раванди дарсӣ ва суҳбат бо мутахассисони оянда дар машғулияти амалии донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси 1-700101 – «Саноати маҳсулоти сохтмонӣ ва таркибӣ» иштирок намуд.
Дарси амалӣ аз фанни "Геодезияи муҳандисӣ", ки яке аз пояҳои асосии муҳандисӣ ва сохтмон ба шумор меравад, дар саҳни донишкада ва озмоишгоҳи соҳавӣ ҷараён дошт. Машғулиятро номзади илм, омӯзгори калони кафедраи сохтмон Абдулло Насруллоев ва мудири кафедра, н.и.т. Шӯҳрат Усмонов роҳбарӣ менамуданд.
Дар ҷараёни дарс донишҷӯён на танҳо мафҳумҳои назариявӣ дар бораи шаклу андозаи замин ва харитаҳои топографиро омӯхтанд, балки малакаҳои муҳими зеринро дар амал татбиқ мекунанд:
1. Ченкуниҳои хаттӣ: Истифодаи лентаҳои геодезӣ ва рулеткаҳо барои муайян кардани масофаҳо.
2. Кор бо теодолитҳои электронӣ ва оптикӣ: Омӯзиши сохтори теодолитҳои Т30, Т15 ва дастгоҳҳои муосири лазерӣ барои ченкунии кунҷҳои горизонталӣ ва амудӣ.
3. Нивелиркунии геометрӣ: Истифодаи нивелирҳои Н-3, Н-3К ва нивелирҳои автоматӣ барои муайян кардани баландиҳо ва тартиб додани картограммаи корҳои заминӣ.
Махсусан, ҷараёни нивелиркунии майдон аз рӯи квадратҳо, ки барои тарҳрезии иншооти сохтмонӣ аҳамияти калон дорад, таҳти назорати ҷиддӣ қарор гирифт.
Директори донишкада зимни таҳлил ва баррасии машғулият изҳор дошт, ки: "Ҳадафи асосии мо омода кардани мутахассисонест, ки на танҳо дар рӯи коғаз, балки дар майдони корӣ низ бо технологияҳои муосир озодона кор карда тавонанд. Геодезия асоси ҳар як иншоот аст ва дақиқият дар ин ҷо рамзи касбият мебошад."
Донишҷӯён қадам ба қадам тарзи дурусти гузоштани штатив, насби асбоб, пур кардани дафтарҳои саҳроӣ ва коркарди ҳисобии натиҷаҳоро намоиш доданд.
Таъкид шуд, ки ташрифи роҳбарияти донишкада ба дарсҳои амалӣ нишонаи таваҷҷуҳи махсус ба сифати таълим ва омодасозии кадрҳои рақобатпазир мебошад. Ин иқдом донишҷӯёнро рӯҳбаланд намуда, масъулияти онҳоро дар азхудкунии илмҳои муҳандисӣ дучанд мегардонад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО