Маркази бақайдгирӣ ва машварат
Мудир: Файзиева Парвина Усмоновна
Маълумот барои тамос:
Почтаи электронӣ: mtf@polytech.tj
Суроға: хиёбони И.Сомонӣ, 226
Аз таърихи марказ
Маркази бақайдгирӣ ва машварат яке аз қисми
сохтори идоракунии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба
номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, аз соли 2010 то
инҷониб фаъолият мебарад. Дар солҳои гуногун роҳбарии марказро устодону шахсони
пуртаҷриба ба монанди номзади илмҳои физика-математика, дотсент Мақсудов Хуршед
Темурович, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Раҳмонов Зафар Абдумаликович ба
ӯҳда доштанд.
Вобаста ба салоҳият ва функсияҳои марказ,
номгузории он таҷдид шуда, аз маркази бақайдгирии донишҷӯён ба маркази
бақайдгирӣ ва машварат иваз карда шудааст.
Фаъолияти асосии марказ
Фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машварат мувофиқи
Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф”, “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стандарти давлатии
таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи аттестатсияи хатми
донишҷӯёни МТОК”, Оинномаи донишкада ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи
маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда аст. Марказ дар кори худ ба директори
Донишкада тобеъ аст..
Самтҳои асосии фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва
машварат аз инҳо иборатанд:
- таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ;
- муайян намудани гуруҳҳои академӣ;
- натиҷабандии балҳои бадастовардаи донишҷӯён (санҷишҳои ҷорӣ, ҷамъбасти рейтинг,
имтиҳони марҳилавӣ ва ниҳоӣ (маъмурӣ));
- якҷоя бо шуъбаи таълим, факултетҳо ва кафедраҳо ташкил намудани триместр
барои донишҷӯёни қарздор;
- тайёр намудани ҳисоботҳои оморӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои сессияҳо;
- ба расмият даровардани транскриптҳо (маълумотномаҳои академӣ) ба ҳар як
донишҷӯй;
- иштироки бевосита дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҳатмии донишҷӯён
(омодасозии дипломҳо ва замимаи онҳо);
- омодасозӣ ва нигоҳдошти маълумотҳо ва ҳисоботҳои оморӣ;
- ташкил ва нигоҳдошти парвандаҳои шахсии донишҷӯён;
- назорати давомот ва пешрафти донишҷӯён;
- таъмин ва пешкаши маълумоти зарурӣ оид ба
донишҷӯён ба мақомоти дахлдор.
Кормандони асосӣ
Дар марказ 1 нафар мудир ва 5 нафар нозирон фаъолият мебаранд: Шарипова
Мафтунахон Муродовна, Сулаймонова Моҳира Мирзоҳайдаровна, Юсупова Мафтунахон
Шокировна, Шарипова Шаҳнозахон Мирзоғаниевна, Нуриддинова Зарринахон Давроновна.
Нозири маркази бақайдгирӣ ва машварат ба ҳар як
факултет вобаста мебошад ва онҳо дар факултетҳо бевосита фаъолият мебаранд. Бо
пешниҳоди мудири маркази бақайдгирӣ ва машварат нозирон дар аввали ҳар соли
таҳсил байни факултетҳо тақсим мешаванд.
Дар самти фаъолияти худ нозирони марказ вазифаҳои
асосии зеринро иҷро менамоянд:
-
дар
раванди тартиб додани нақшаи кории маркази бақайдгирӣ ва машварат иштирок
менамояд;
-
таҳия
ва пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ба қисми факултети худ вобаста оид ба раванди
таҳсил ба роҳбарият ва мақомоти беруна;
-
чопи
ведомости имтиҳонӣ ва гирифтани имзоҳои дахлдор, инчунин супоридани он ба
бойгонии донишкада;
-
ҷамъоварӣ
ва пешниҳоди маълумот ба роҳбарият аз рӯйи талаби онҳо;
-
шиноскунии
донишҷӯён бо фармоишҳои нисбат ба онҳо
баромада;
-
қабул
ва ташкили ҷавоб ба аризаҳои донишҷӯён;
-
додани
маълумотнома, транскрипт ба донишҷӯён аз рӯйи талаби онҳо;
-
қабул
ва ҷавоб додан ба арзу муроҷиатҳои шифоҳии донишҷӯён;
-
ҳангоми
зарурат нозири маркази бақайдгирӣ ва машваратӣ супоришҳои дигари маъмуриятро
вобаста ба самти фаъолияташ иҷро менамояд;
-
бо
планшет дар як баст ду маротиба, яъне соати аввал ва охирон назорат кардани
раванди таълим ва гузоштани ғоибҳои донишҷӯён ба планшет;
-
расонидани
натиҷаи назорати ҳарбастаинаи раванди таълим ба директори донишкада ва муовини
директор оид ба таълим.
Маълумоти иловагӣ
Маркази бақайдгирӣ ва машварат фаъолияти худро
дар асоси “Нақшаи стратегии рушди донишкада барои солҳои 2023-2028: А.
Нишондиҳандаҳои стратегӣ” ва “Нақшаи
миёнамӯҳлати амал барои солҳои 2023-2025: Қисми Б. Проблемаҳо, стратегияҳо,
чорабиниҳо” ба роҳ монда, ҷиҳати такмил, тақвият ва таҷдиди раванди автоматикунони
давомот, пешрафт, аризаю муроҷиати донишҷӯён, фармоишҳо, маълумотҳои оморӣ,
натиҷаҳои сессияҳо, санҷишу имтиҳонот ва транскрипти донишҷӯён, нақшаҳои
инфиродии донишҷӯён равона менамояд.