СЕМИНАР: ХИЗМАТРАСОНИҲОИ АНДОЗӢ ДАР ШАРОИТИ РАҚАМИКУНОНӢ
Аз ҷониби Маркази рушди касбияти донишкада дар ҳамкорӣ бо Раёсати андоз дар вилояти Суғд семинар – машварат оид ба хизматрасонии электронӣ мақомоти андоз бо хатмкунандагони донишкада баргузор гардид.
Дар кори семинар сардори шуъбаи хизматрасонии раёсати андоз дар вилояти Суғд Х. Исомаддинов маърӯза намуда оид ба хизматрасониҳои андозӣ дар шароити рақамикунонӣ ва ҳамбастагии донишҳои назариявии донишҷӯён бо амалия тавсияҳои муфид пешниҳод намуд.
Таъкид шуд, ки мақсади семинари мазкур рушд бахшидан ба раванди рақамикунонӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии андозӣ миёни ҷавонон, зимнан истифодаи фаъолонаи замимаи мобилии “ Андози ман” дар асоси консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маъмурикунонии андоз мебошад.
Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок ва музокираҳо намуда, муаммоҳои хизматрасониҳои андозиро бо намояндагони раёсати андоз муҳокима намуданд.
Зикр шуд, ки баргузории чунин семинар- машваратҳо ба рушди фарҳанги рақамӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии ҷавонон заминаи мусоид хоҳад гузошт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО