ҲУНАР ОМӮЗ, К-АЗ ҲУНАРМАНДӢ...
Дар толори донишкада мулоқоти донишҷӯён бо намояндагони Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Мулоқотро муовини директор оид ба тарбия Гулшан Довудов оғоз намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷавобгӯй будани онҳо ба талаботи бозори меҳнат яке аз масоили мубрам маҳсуб мешавад. Зеро дар баробари рушди босуръати ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷорӣ гардидани технологияҳои нави муосир, зарурати ба роҳ мондани тарзу усулҳои нави касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии касбомӯзӣ ба миён меояд. Дар баробари рушд ёфтани илм ва технологияи муосир, тарзу усули кор низ такмил ёфта, талаботро ба касбҳои нав ба миён меорад. Бо пайдо гардидани касбҳои нав, дар низоми маориф омода намудани саривақтии барномаҳои таълимии касбӣ ба мақсад мувофиқ мебошад. Зеро имрӯз кофармо ба он коргароне ниёз дорад, ки дорои салоҳияти нави касбӣ бошанд.
Дар вохӯрӣ ҳуқуқшинос-машваратчии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар шаҳри Хуҷанд Д. Муродов ва омӯзгори таҷҳизоти барқии офтобӣ С. Арипов ба донишҷӯён оид ба барномаҳои омӯзишӣ, аз ҷумла барқчӣ, кафшергарӣ, челонгар – сантехник, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, андовачӣ, компютер, ҳамчунин омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ ва кореягӣ ва дигар ихтисосҳои бозоргир маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки ҳамаи курсҳо ба таври ройгон доир мегарданд ва дар анҷоми он иштирокчиён шаҳодатнома мегиранд. Ҳамчунин доир ба шароити қабули довталабон, давомнокии курсҳо ва имкониятҳои минбаъдаи шуғл маълумот дода шуд. Қайд гардид, ки барои заноне, ки соҳиби шаҳодатнома аз рӯйи касбҳои ғайрианъанавӣ мегарданд, стипендия ба андозаи 120 доллари ИМА пардохт карда мешавад. Дар марказ ҷиҳати ҳавасманд намудани занони таълимгиранда, ки кӯдаки хурдсол доранд, барои нигоҳубини кӯдакон, бо мақсади иштироки онҳо дар раванди касбомӯзӣ, шароит фароҳам оварда шудааст. Маркази мазкур бо таҷҳизоти замонавии дарсию амалӣ таъмин карда шуда, омӯзиши касбҳои коргарӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, англисиву кореягӣ дар синфхонаҳои махсус ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.
Донишҷӯён ба масъулон саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО