ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД: ТАДБИРҲО БАРОИ САРФАКОРИИ НЕРӮИ БАРҚ
Бо мақсади таъмини истифодаи самараноку сарфакоронаи истифодаи нерӯи барқ, кам намудани хароҷот ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар хобгоҳи донишкада вохӯрии мудири кафедраи таъминоти барқ ва автоматика Додохон Ҷӯраев ва ассистенти кафедраи мазкур Муҳсинҷон Ҷӯраев бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз ҷумла зикр шуд, ки Самаранок истифода бурдани қувваи барқ чандин паҳлуи мусбат дорад:
- Пешгирии исрофкории захираҳои энергетикӣ;
- Кам намудани хароҷоти рӯзмарраи аҳолӣ;
- Беҳтар шудани устувории шабакаҳои барқрасонӣ;
- Ҳифзи муҳити зист ва коҳиши партовҳои карбон.
Тадқиқотҳои байналмилалӣ нишон медиҳанд, ки истифодаи оқилонаи барқ метавонад то 30%-и сарфи умумии қувваро кам намояд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ борҳо таъкид намудаанд: «Ҳар як сокини мамлакат бояд дарк кунад, ки нерӯи барқ сарчашмаи ҳаёт аст ва мо бояд онро сарфакорона истифода барем, то ки рушди иқтисодӣ таъмин ва зиндагии шоиста муҳайё гардад.»
Зимни мулоқот ба донишҷӯён тавсия ва дастурҳои зерин пешниҳод гардиданд:
- танҳо аз гармкунакҳои каммасраф истифода баранд.
– аз истифодаи гармкунакҳо ва таҷҳизоти нерӯи барқи баландмасраф худдорӣ намоянд;
– рӯшноии зиёдатӣ ва таҷҳизоти ғайризарурӣ сари вақт хомӯш карда шавад;
– хароҷоти нерӯи барқ ба таври қатъӣ зери назорат нигоҳ дошта шавад;
– маҷмӯи чораҳои сарфаҷӯӣ пайваста ба амал бароварда шавад.
Таъкид шуд, ки риояи ин тавсияҳо барои коҳиши истеъмоли нерӯи барқ ва истифодаи самараноки он нақши муҳим дорад.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО