ҚАДРШИНОСИИ РАЁСАТИ ДОНИШКАДА БАРОИ ҲАМКОРИИ СУДМАНД БО ИТТИФОҚИ КАСАБА
Санаи 20 декабри соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин ҷаласа барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифаҳои оинномавӣ, ҳамкории судманд бо иттифоқи касаба ва дастгирии пайвастаи кормандон директори ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Хурсанд Содиқзода бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд.
Муборак бошад!
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО