АГРЕГАТИ СЕЮМИ “РОҒУН” ВА РАСИДАН БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ
Мусаллам аст, ки нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори нерӯгоҳҳои барқии обӣ - 4070 МВт аст. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи гидроэнергетикӣ мебошад.
Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад. Дар шароити имрӯза энергетикаи кишвар – аз нерӯгоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори 4,4 миллион киловатт, 60 ҳазор километр хати барқ садҳо зеристгоҳҳои барқӣ ва нуқтаҳои трансформаторӣ мебошад. Аз ин миқдор танҳо 6 фоизи захираҳо мавриди истифода мебошад.
Паёме, ки санаи 16 - уми декабри соли равон аз ҷони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, дар он оид ба соҳаи энергетика, аз ҷумла рақамикунонии барқи тоҷик ва таҷдиди инфрасохтори он андешаҳо баён гардиданд.
Шукрона аз он менамоем, ки ҳар сол истеҳсоли неруи барқ афзуда истодааст. Танҳо дар 10 соли гузашта соҳаи энергетикаи кишвар ба маблағи беш аз 60 миллиард сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки дар натиҷа иқтидорҳои истеҳсолии неруи барқ дар ҳаҷми 1017 мегаватт афзоиш ёфтанд.
Аз ҳисоби таҷдиду навсозии неругоҳҳои амалкунанда иқтидорҳои истеҳсолӣ 200 мегаватт зиёд гардидааст.
Аз ҷумла соли 2025 корҳои таҷдиду навсозии неругоҳи барқи обии «Қайроққум» ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ пурра анҷом дода шуда, иқтидори истеҳсолии он аз 114 мегаватт ба 174 мегаватт, яъне 60 мегаватт зиёд карда шуд.
Дар баробари афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ як қатор лоиҳаҳои муҳимми дигар, аз ҷумла бунёди зеристгоҳҳои нави барқӣ ва хатҳои интиқоли барқ амалӣ карда шуданд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар кишвар 7 миллиард киловатт – соат ё 40 фоиз зиёд гардида, аз 17,2 миллиард киловатт – соати соли 2015 ба 24,2 миллиард киловатт – соат дар соли 2025 расонида шуд.
Ҳоло норасоии қувваи барқ дар фасли зимистон ба мушоҳида мерасад. Сабабҳои ба вуқуъ омадани ин мамониятҳоро худи Президенти кишвар дар Паёми худ чунин баён намудаанд: “Ин ҳолат аз як тараф, натиҷаи афзоиши аҳолӣ, зиёдшавии шумораи корхонаҳои саноатӣ ва дар маҷмуъ, афзудани истеъмоли неруи барқ ва аз тарафи дигар, таъсири камбориш омадани тирамоҳи имсола ва кам гардидани воридшавии об ба обанбори нерӯгоҳҳои барқи обии мамлакат мебошад”.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло корҳои лоиҳавии сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт – 250 мегаватт дар вилояти Суғд ва 250 мегаватт дар вилояти Хатлон – оғоз гардида, то моҳи августи соли 2026 ба истифода супорида мешаванд.
Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иттилоъ доданд, ки агрегати сеюми “Роғун” моҳи сентябри соли 2027 ба кор дароварда мешавад ва мо ба истиқлолияти энергетикӣ хоҳем расид.
Дар ин ҷода вазорату идораҳои марбута муваззаф гардонида шуданд, ки бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо раванди сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро пайваста идома диҳанд.
Ҳоло дар иншооти мазкур 18 ҳазору 600 нафар коргарон, яъне сохтмончиён ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доранд ва шумораи техника, яъне мошину механизмҳо зиёда аз 3900 ададро ташкил медиҳад.
Барои идомаи босуръати корҳои сохтмон дар неругоҳ соли равон аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд ва то имрӯз қариб 60 фоизи корҳои сохтмони неругоҳ ба анҷом расонида шудаанд.
Тибқи таҳлилҳо талабот ба неруи барқ дар дохили мамлакат сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2030 нисбат ба соли 2025-ум 31 фоиз зиёд мегардад.
Бояд қайд намуд, ки дар ин раванд, барои таъмин намудани талаботи афзояндаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар бо неруи барқи доимӣ ва устувор, дар баробари бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, инчунин, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ нақши калидӣ дорад.
Эҳтиёткунии сарфаи барқ ба ҳар як шаҳрванд муҳим дониста шавад!
Дилноза Бобоева,
устоди ДПДТТ ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд