ТАҚДИМИ СТИПЕНДИЯИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА ДУ НАФАР УСТОДИ ДОНИШКАДА
Дар толори қабули расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маросими қадршиносии варзишгарону муррабиёне, ки дар соли 2025 соҳиби нишондиҳандаҳои назаррас шудаанд, доир гардид.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни суҳбат бо варзишгарону муррабиён иброз дошт, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҷавонон ва варзишгарон аз ҷониби давлату ҳукумат заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Дар ин давра, дар самти дастгирии ҷавонон ва варзишгарон санадҳои муҳими давлатӣ қабул шуда, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян гардиданд.
-Боиси ифтихор аст, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 таваҷҷуҳ ба ҷавонон ва варзишгарон чун ҳарвақта назаррас буд. Ин ташаббус аз ғамхориву дастгирӣ ва боварии роҳбари олии кишвар ба ин қишри фардосози ҷомеа шаҳодат медиҳад ва масъулияти ҷавонон ва варзишгаронро дар назди миллату давлат дучанд мегардонад,-таъкид кард Раиси вилоят.
Дар охир ба ғолибону ҷоизадорон ва устодону муррабиёни онҳо Сипоснома ва туҳфаҳои пулии Раиси вилоят супорида шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар ин маросим устодони донишкада: Наргиза Дӯсматова ва Шаҳодат Абдуллоева барои саҳми муносиб дар рушди соҳаи варзиш, дастовардҳои назарраси варзишӣ ва иштироки фаьолона дар чорабиниҳои чамъиятӣ бо Сипоснома ва Стипендияи Раиси вилоят сарфароз гардонида шуданд.
Ин дастовард ба тамоми ҷомеаи меҳнатии донишкада муборак бошад!
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО