• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
 ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ

Имрӯз санаи 13-октябри соли равон донишҷӯёни соли сеюми ихтисоси ташкили ҳамлу нақл ва идоракунӣ дар нақлиёти автомобилӣ ва шаҳрии донишкада бо роҳбарии устоди донишкада Зуфар Башиков ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов” ташриф оварда, аз наздик шинос шуданд.
Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов донишҷӯёнро истиқбол гирифта, бо экспонат ва расму нигораҳои осорхона ва фаъолияти эҷодии санъаташ шинос намуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи давлатии “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов” ҳамчун қисми ҷудонашаванда дар фаъолияти ансамбл ва сарвари он устод Ҷӯрабек Муродов мебошад. Хушбахтона ба шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иқдомҳои некбинонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати хизматҳои шоистаи шахсиятҳои барӯманди миллат таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Яке аз нобиғагони миллати тоҷик Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов мебошанд, ки зиёда аз 60 соли умри хешро баҳри пешрафти санъати миллӣ, эҳёи сурудҳои классикӣ ва халқии тоҷик, равнақи санъати классикии «Шашмақом», тарбияи даҳҳо санъаткорони ҷавон ва тарғиби санъати тоҷик дар гӯшаву канори ҷаҳон бахшидааст.
Ба андешаи яке аз файласуфони замони муосири тоҷик Абдураҳим Ҷӯраев “Ҷӯрабек Муродов падидаи нотакрор дар фарҳанги миллии тоҷик аст. Нерӯи ҳунарӣ ва эҷодии Ҷӯрабек Муродов аз солҳои 60–уми садаи бист то ба имрӯз бо фарҳанги мусиқии тоҷик иртиботи қавӣ дорад. Ҷойгоҳи Ҷӯрабек Муродов аз доираи санъати мусиқӣ хеле фаротар рафта, ба пешрафту собитгардии фарҳанги миллии тоҷикӣ мусоидат кардааст. Саҳми эҷодии ӯ барои ташаккули ҳувияти миллӣ бешубҳа камназир аст. Ҷӯрабек Муродов дар эҷодиёташ мусиқии классикиву замонавӣ, касбиву мардумиро ба ҳам оварда, ниҳоят ба он муваффақ гашт, ки дар сабки инфиродиаш сабки миллиро инъикос намояд”.
Аз ин хотир барои хизматҳои шоистаи устод Ҷӯрабек Муродов ва муаррифии дастовардҳои мондагори ӯ бо қарори Раиси вилояти Суғд аз санаи 20 августи соли 2014 таҳти № 368 дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» ба тасвиб расид ва аз санаи 2 январи соли 2015 осорхона дар ҳайати 6 нафар коргарон ба фаъолият шурӯъ намуд.
Дар осорхона ба миқдори 3400 адад номгӯи экспонатҳо аз мамлакатҳои гуногуни хориҷи дурру наздик, зиёда аз 200 адад сувенирҳои хурду калон, зиёда аз 20 адад асбобҳои мусиқии миллӣ ва хориҷӣ, наздики 40 адад ҷомаҳо ва либосҳои саҳнавӣ, зиёда аз 40 адад сӯзаниву қолинҳо, зиёда аз 100 адад ордену медалҳо ва нишонаҳои сари синагӣ, садҳо адад тангаҳо ва пулҳои қоғазии мамлакатҳои гуногуни дунё, ба миқдори зиёд портретҳо ва афишаҳои консерти солҳои гуногун, садҳо адад фитаҳо ё дискҳо аз фаъолияти эҷодии солҳои гуногун, дипломҳо ва табрикотҳои корхонаву массисаҳо ва шахсиятҳои баруманди Тоҷикистон ва хориҷи кишвар, ифтихорномаву сипосномаҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ, зиёда аз 2000 адад китобҳо ва рӯзномаву маҷаллаҳо, даҳҳо албомҳо бо ҳазорҳо суратҳои шахсиятҳои бузурги дунё ҳамроҳи устод ва ғайра ҷамъ оварда шудааст.
Инчунин дар назди осорхона комиссия оид ба харидорӣ намудани ашёҳои қадим ва дигар маводҳои ба фаъолияти устод Ҷӯрабек Муродов вобаста таъсис дода шудааст.
Давоми солҳои охир бо ташаббуси роҳбари Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» ва дастгирии шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии мактабҳои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он дарсҳои суруд ва мусиқаи худро дар осорхона мегузаронанд, ки ин иқдом дар табияи зебоишиносии хонандагон ва дарки моҳияти санъати мусиқии тоҷик нақши муҳим дорад.
Инчунин аз осорхона боздид намудани меҳмонон ва сайёҳон аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва хориҷи дуру наздик таассуроти нек нисбати қадршиносии шахсияҳои хизматнишондода ва гиромидошти дастоварду осори мусиқии тоҷик боқӣ мегузорад.
Таъкид шуд, ки ташкили Муассисаи давлатии «Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов» барои ба ояндагон мерос гузоштани аънанаҳои асили мусиқии тоҷик дар шахсияти як ҳунарманди мондагору нотакрор ва тарбияи насли оянда дар рӯҳияи худшиносӣ ва ватандӯстӣ, эҳтиром ба санъат ва муаррифии фарҳанги тоҷик мусоидат мекунад.
Донишҷӯён бо ташрифашон ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи Ҷӯрабек Муродов” таасуроти нек бардоштанд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 23

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.10.2025
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
  • 13.10.2025
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены