

МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
Тибқи нақшаи корҳои тарбиявии раёсати донишкада бо донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда мулоқот доир гардид. Мудири шуъбаи тарбия ва кор бо ҷавонон Муҳаррам Темурова зимни баромади худ, аз ҷумла қайд намуд, ки раёсати донишкада ба масъалаҳои мубрами ҳаёти донишҷӯдӯхтарону бонувон, ки аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳад.
Мавсуф иброз дошт, ки духтарон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа бояд ҳамеша дар сафи аввал қарор дошта бошанд. Духтарон ояндаи миллат ва посдорони илму фарҳанг ва маърифатанд. Ҳар қадами онҳо метавонад, дар роҳи пешрафти ҷомеа нур афшонад.
Дар вохӯрӣ вобаста ба риояи тартиботи хобгоҳ, эҳтиёт ва тозаву озода нигоҳ доштани моликияти хобгоҳ, сарфаву сариштакорӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб дар байни занону духтарон, тарғиби либоси миллӣ, худшиносии миллӣ, тақлид намудан ба сару либоси бегона ва дигар масоили рӯзмарра ибрози андеша карда шуд.
Зикр гардид, ки донишҷӯдухтарон набояд ба бегонапарастӣ, тақлидкорӣ роҳ диҳанд ва барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд. Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Дар интиҳои вохӯрӣ пешниҳоду дархостҳои донишҷӯдухтарон ба инобат гирифта шуд, аз ҷумла тасмим гирифта шуд, ки бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҳафтае як маротиба донишҷӯдухтарон дар толори варзишии донишкада ба бозии волейбол машғул шаванд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО