

ИФТИХОРИ МО: ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШКАДА ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН
Ҷонибек Раҷабов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси хизматрасонии автомобилии факултети сохтмон ва нақлиёти донишкада дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ (гурӯҳи хорсароён)-и даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон ватани азизи ман” ширкати фаъолона варзида, сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби маблағи 50000 сомонӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур ҳафт сол боз доир шуда, ҳар номинатсияи он фарогири се жанр- академӣ, эстрадӣ ва анъанавӣ мебошад. Дар ҳар номинатсия довталабони синни аз 12 то 17 — сола ва аз 18 то 40 — сола иштирок карда, дар ҳар жанр барои як ҷойи якум, ду ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюм рақобат намуданд. Дар номинатсияи композиторӣ довталабони аз 18 то 40 – сола иштирок намуданд.
Тибқи Низомнома, озмун имсол аз рӯйи панҷ номинатсия: оҳангсозӣ-бастакорӣ, сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн доир гардид. Имсол иштирокчиёни номинатсияи сарояндагӣ, навозандагӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн ба чунин синну сол ҷудо гардиданд: аз 12 то 17-сола ва аз 18 то 35-сола. Дар номинатсияи оҳангсозӣ-бастакорӣ танҳо нафарони аз 18 то 35-сола иштирок намуданд.
Озмун дар се давр доир гардид: даври якуми он моҳи апрели имсол дар маркази шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм моҳи июн дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва даври сеюми озмун дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар даври сеюми озмун сазовори ҷойҳои якум мегарданд, бо нишони фахрии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин омӯзгороне, ки шогирдони худро дар раддабандии синнусолии аз 12 то 17-сола аз даври якум то даври сеюми озмун омода менамоянд ва дар даври ниҳоӣ соҳиби Шоҳҷоиза мешаванд, аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ин дастовардро ба кулли донишҷӯёну омӯзгорони донишкада муборакбод менамояд.
Шуъбаи кор бо ВАО