

ТАКМИЛИ ДАРСҲОИ АМАЛӢ ВА ОЗМОИШӢ
Дар факултети муҳандисӣ-технологии донишкада барои баланд бардоштани сифати дарсҳои озмоишӣ бо истифода аз сенсорҳои рақамӣ ва озмоишгоҳҳои виртуалӣ раванди тадқиқот таҷрибаҳоро дастрас ва ҷолибтар гардонида, ба рушди малакаҳои дониш ва фаҳмиши донишҷӯён мусоидат намуда истодаанд. Инчунин, ба ин васила таҳлили натиҷаҳо, истифодаи усулҳои гуногуни таълим барои ҳавасманд кардани донишҷӯён ва беҳтар кардани шароит мусоидат намуда истодааст.
Дар баробари гузаронидани дарсҳои озмоишӣ ва гузаронидани таҷрибаҳо дар факултети муҳандисӣ-технологии донишкада, инчунин гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳо ба роҳ монда шудааст, ки тафаккури таҳлилии донишҷӯёнро инкишоф медиҳад.
Аз оғози соли таҳсили ҷорӣ дар факултет аз рӯйи фанҳои асосҳои тарҳрезии либоси анъанавӣ, картографияи муҳандисӣ, технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти ресандагӣ, тарҳрезии либос, технологияи консервакунонӣ, асосҳои назариявии технологияи истеҳсоли маҳсулоти хӯроки омма, технологияи истеҳсоли нӯшокиҳо, коркарди маҳсулоти растанипарварӣ дар шароити хоҷагии деҳқонӣ, ташкили раванд ва технологияи тайёркунии маҳсулоти нонӣ ва қаннодии мураккаб ва амсоли инҳо ҷараён дошта, таҳлилҳои оргонолептикӣ, физико–химиявӣ, микробиологӣ ва ғайраҳо гузаронида шудаанд, ки натиҷаҳои назаррас ба даст омадааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳавасманд кардани иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҳар марҳилаи корҳои лабораторӣ (аз омодагӣ то таҳлил) сифати таълимро ба таври назаррас беҳтар мекунад. Зиёд шудани шавқу рағбати донишҷӯён ба фаъолияти тадқиқотӣ аз натиҷаҳои корҳои тадқиқотии онҳо ва иштироки онҳо дар озмуну олимпиадаҳои гуногун далолат медиҳад. Вазъи моддӣ–техникии озмоишгоҳҳои факултет ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Дар факултет зиёда аз 20 - озмоишгоҳ мавҷуд буда, бо таҷҳизот ва лавозимот зарурии муосир таъмин мебошанд. Озмоишгоҳҳои факултет на танҳо дар раванди таълим, инчунин дар иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ барои донишҷӯёни ҳамаи ихтисосҳои алоҳида самаранок истифода мегардад. Ин барои пешрафти сатҳи иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корҳои курсӣ, лоиҳаҳои тахассусӣ ва рисолаҳои хатм шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар оянда низ факултети муҳандисӣ-технологии ДПДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба самти таълим санаи 28.12.2024 зикр гардидаанд, пайваста кӯшиш мекунад, ки сифати таълимро бо истифодаи усулҳои пешқадам беҳтар намояд. Такмил додани дарсҳои амалӣ ва лабораторӣ имкон медиҳад, ки донишҷӯён таҷрибаи воқеӣ ва малакаҳои касбӣ дошта бошанд, то ки дар оянда барои рушди саноат ва иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд.
Шуъбаи кор бо ВАО