

Одилҷон Сатторов, донишҷӯи донишкада дар Чемпионати ҷаҳон ғолибият ба даст овард
Одилҷон Сатторов, донишҷӯи соли якуми ихтисоси хизматрасонии автомобилии факултети сохтмон ва нақлиёти донишкада, ки ҳамзамон аъзои дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санъати муҳорибаи омехта мебошад, дар Чемпионати ҷаҳон соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехта байни ҷавонон ва калонсолон санаҳои 26 сентябр то 3 октябри соли ҷорӣ дар дар шаҳри Тбилисии Ҷумҳурии Гурҷистон бо иштироки садҳо варзишгарон аз кишварҳои гуногуни дунё баргузор шуд.
Боиси ифтихор аст, ки дар Чемпионати мазкур донишҷӯи донишкада Одилҷон Сатторов рақибони пурқуввати худро аз кишварҳои Англия, Италия, Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мағлуб карда, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Бояд зикр намуд, ки ба шарофати дастгириву ғамхорӣ ва чораандешиҳои пай дар пай ва дахолати бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ дар ҷодаи варзиш низ торафт симо ва ҳузури дурахшони худро падидор месозад. Пайваста хабари пирӯзиҳои варзишгарони мо ва теъдоди наврасон ва ҷавононе, ки аз мусобиқоти байналмилалӣ соҳиби медалҳои тилло, нуқраву биринҷӣ мешаванд, рӯз аз рӯз меафзояд.
Дастоварди накӯ ба тамоми ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд фархунда бод. Бигузор парчамбардорони Ватан дар сафи донишҷӯёни донишкада бештар гардад.
Шуъбаи кор бо ВАО