• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ОЙИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
 КОНФРОНС: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ОЙИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ
КОНФРОНС: ЗАБОНИ ТОҶИКӢ-ОЙИНАИ ПУРҶИЛОИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Бо иқдоми кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Забони тоҷикӣ-ойинаи пурҷилои таърихи миллат” баргузор шуд.
Конфронсро мудири кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносии донишкада Муаттар Раҳматова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Истиқлоли давлатӣ ба миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик имкон дод, ки дар заминаи соҳибихтиёрии миллӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ арҷ гузорад. Имрӯз дар заминаи сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарварони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ чун яке аз аркони муҳимми давлатдорӣ дар роҳи рушду такомул қарор дорад. Пешвои миллат забонро чун кафили ҳастии миллат дониста, дар самти устувор намудани мақоми ин арзиши олии миллат якчанд ташаббусҳои саривақтӣ ва муҳимро дар амал татбиқ намуданд. Сарвари давлат дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусу пешниҳодҳои хеш забони моро муаррифӣ намуда, онро ба забони сулҳу субот ва ба ҳам овардани мардумони ҷаҳон мубаддал гардонида истодаанд.
Сипас, дар ҷараёни кори конфронс муовини директор оид ба таълим Мазбут Холиқзода, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Шокириён Туғрал Сироҷзода, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Абуабдуллоҳ Рудакӣ устод Фарзона ва дигарон роҷеъ ба имрӯзу фардои забони тоҷикӣ, асолати забони давлатӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ чун гавҳари гаронбаҳо ва арзиши фарҳангии миллат роҳи тӯлонии таърихиро тай намудааст. Устод Бобоҷон Ғафуров дар асари безаволи худ «Тоҷикон» таъкид мекунад, ки ин забон дар ҷойи холӣ падид наомадааст, балки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва пайдоишаш ба асрҳои пеш аз милод мерасад. Тибқи таҳқиқоти ӯ, таърихи забони тоҷикӣ на аз давраи истилои араб, балки аз асри VI пеш аз милод оғоз мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба омӯзиш, рушд ва гиромидошти забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои баланд бардоштани ҷойгоҳи он дар ҷомеа корҳои зиёдеро ба сомон расонидаанд. Дар ин замина, таълифи асари пурмазмуну таърихии ӯ «Забони миллат — ҳастии миллат» далели рӯшани арҷгузорӣ ба ин рукни муқаддаси давлатдорӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд, ки: «Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Давлату миллат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон, давлат ва миллат дар паноҳи якдигаранд».
Зикр гардид, ки мaсъaлaи зaбoни тoҷикӣ вa ҷoйгoҳи oн дap зиндaгии миллaти мo ҳaмешa мaвpиди тaвaҷҷуҳи Aсoсгузopи сулҳу вaҳдaти миллӣ - Пешвoи миллaт, Пpезиденти Ҷумҳуpии Тoҷикистoн муҳтapaм Эмoмaлӣ Paҳмoн қapop дopaд. Мaҳз бo дapки aҳaммияту apҷи ҳaмин мaсъaлa дap paдифи мaсoили дигapи муҳимми мaмлaкaт мaвзӯи кaмoлу бoлaндaгии зaбoн ҳapгиз aз мaдди нaзapи Пешвoи миллaт дуp нaмoндaaст. Пешвoи миллaт муҳтapaм Эмoмaлӣ Paҳмoн дap ин зaминa тaдбиpҳoи судмaнде aндешидaнд, ки Сoли бузуpгдoшти зaбoн aз oн иқдoмoт бa шумop меpaвaд. Тaҳқиқoте, ки дap зaминaи aҳaммияти зaбoн aнҷoм дoдaaнд, мaнбaи илҳoмбaхш бapoи дӯстдopoни зaбoни тoҷикӣ вa муҳaққиқoну пaжуҳишгapoни oлaми зебoву poзoлуди oн мебoшaд.
Сипас ба таваҷҷуҳи иштирокдорони конфронс видеоролик бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахш карда шуд. Аз ҷониби донишҷӯён гуфторҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба забон иро гардид.
Донишҷӯён шеърҳоро аз эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона қироат намуданд.
Ғолибони озмунҳо бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ ва ғолибон қадршиносӣ шуданд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона анҷомбахши конфронс буд.

Шуъбаи кор бо ВАО


: 58

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.10.2025
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
  • 13.10.2025
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены