• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    КОНФРОНС: ЗИНДАГӢ БО ЁДУ ЗИКРИ ТУ НАКӮСТ...
 КОНФРОНС: ЗИНДАГӢ БО ЁДУ ЗИКРИ ТУ НАКӮСТ...
КОНФРОНС: ЗИНДАГӢ БО ЁДУ ЗИКРИ ТУ НАКӮСТ...

Дар донишкада бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ конфронси илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Зиндагӣ бо ёду зикри ту накӯст...” баргузор гардид.
Нахуст видеоролик бахшида ба ҳаёт ва эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ намоиш додла шуд. Аз тарафи донишҷӯён аз ашъори пурғановати шоир ғазалҳо қироат карда шуданд.
Сипас директори Маркази илмии “Камоли Хуҷандӣ” Баҳроми Раҳматзод дар мавзуъи “Нигоҳе ба Маснавии Маънавӣ” ва мудири бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии “Камоли Хуҷандӣ” Исмоил Саидов таҳти унвони “Мавлоно кист? Ва чиро меомӯзад” маърӯзаҳои илмӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ яке аз чеҳраҳои намоёни тамаддуни башар буда, осори ӯ, махсусан, “Маснавии маънавӣ” ва “Девони Шамс” то ба имрӯз барои бисёре аз инсонҳо дар саросари ҷаҳон манбаи илҳом гардидаанд. Ибрози андеша карда шуд, ки 30 сентябр Рӯзи бузургдошти Мавлоно дар тамоми ҷаҳон аст ва бори аввал бо қарори Юнеско дар соли 2007 таҷлил гардидааст.
Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ пурарзиштарин мероси ҳама давру замонҳо аст. Шоир ва адабиётшиноси амрикоӣ Колман Баркс тарҷумаи пораҳои шеърии Мавлоноро аз «Маснавӣ» ва «Девони кабир» дар 13 маҷмуаи хурду бузург ба табъ расонд. Ба иттилои муҳаққиқони амрикоӣ, тарҷумаҳои Колман Баркс ашъори Мавлоноро ба пурхонандатарин китоб дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табдил додаанд.
Маърӯзачиён нақши Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дар эҷод ва ташаккули адабиёти классикӣ барҷаста арзёбӣ намуданд. Зикр карданд, ки Истиқлоли давлатӣ имконият фароҳам овард, ки миллати куҳантамаддуни тоҷик ба омӯзиши осори баландарзиши ниёгон аз дидгоҳи нав рӯ орад ва онро мувофиқ ба ормонҳои деринаи миллат таҳқиқ намояд. Ҳамзамон ба наслҳои имрӯза, ки меросбарони ояндаи давлату миллат ва тамаддуни беш аз шашунимҳазорсолаи миллати тоҷик мебошанд, таълим диҳад ва онҳоро дар руҳияи ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гиромӣ доштани таъриху тамаддуни ниёгон раҳнамун созад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳои илмию адабию фарҳангӣ ва илмию маърифатӣ, бешак, ба тарғибу ташвиқи осори Мавлоно ва тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, таҳкими ҳофизаи таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ мусоидат мекунанд.

Шуъбаи кор бо ВАО


: 43

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 13.10.2025
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
ФАРҲАНГ: ШИНОСОИИ ДОНИШҶӮЁН БО ОСОРХОНАИ ҶӮРАБЕК МУРОДОВ
  • 13.10.2025
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД
МУЛОҚОТ: ДУХТАРОН ПОСДОРУ ФАРҲАНГУ ИЛМУ МАЪРИФАТАНД

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены