ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»
Дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аз руйи наминатсияҳои “Санъати тасвирӣ ва дизайн” оғоз гардид.
Дар даври шаҳрии озмун 120 нафар довталаб дар номинатсияҳои номбурда иштирок мекунанд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни донишкада: Самира Сайфиддинова, Анисахон Рофиева, донишҷӯёни курси 2, ихтисоси таркиб ва технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ, Муталлибҷон Абдуразоқов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси меъморӣ аз рӯйи номинатсияи “Санъати тасвирӣ” ва Субҳиябону Ёрова, Улуғбек Бобоев ва Рухшона Улмасова тибқи номинатсияи “Дизайн” маҳсули эҷоди хешро пешкаши ҳакамот гардониданд.
Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд, раёсати фарҳанги вилоят ва аъзои доварон дар маросими оғози даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман" иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаҳои санъати мусиқӣ, сарояндагӣ, тасвирӣ ва дизайн, баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва зебоишиносӣ, тақвият бахшидан ба ҳунари баланди иҷрокунандагӣ, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, арзёбии сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, офарандагӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ, ки инъикоскунандаи фарҳанги гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷикро таҷассум менамоянд, гузаронида мешавад.
Тибқи Низоиномаи озмун, дар номинатсияи санъати тасвирӣ нусхабардории асарҳои рассоми дигар қатъиян манъ аст.
Асари офарида бояд бе ёрии падару модар ва устод тартиб дода шуда, дар қисмати пушти он номи асар, насаб, ном ва номи падар, синну соли иштирокдори озмун, номи муассиса, суроғаи ҷойи истиқомат ва роҳбар (омӯзгор) дарҷ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2026 барои баргузории озмун аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 260 000 (ҳашт миллиону дусаду шаст ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО