БУЗУРГДОШТ: КИТОБИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ
Санаи 15-уми апрели соли равон дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд семинари илмӣ бахшида ба рӯзи мавлуди сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ таҳти унвони “Китоби тақдирсози миллат” баргузор кардид.
Семинар аз тарафи омӯзгорони кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ номзади илмҳои филологӣ Муаттара Раҳматова ва омӯзгори калон, номзади илмҳои педагогӣ Хайринисо Темирова гузаронида шуд.
Муаттара Раҳматова, номзади илмҳои филологӣ дар ифтитоҳ семинар дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ — бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951—1954), Ходими хидматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон, Қаҳрамони Тоҷикистон (1997) маълумоти мушаххас дод.
Иттилоъ дода шуд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик»—нахустин асари бузурги адабиётшиносии Садриддин Айнӣ, ки байни 15 март — 12 октябри 1925 навишта шуда, соли 1926 дар Маскав дар нашриёти марказии халқҳои ИҶШС ба табъ расидааст.
Китоб бо муқаддимаи Абулқосим Лоҳутӣ бо номи «Садриддин Ай¬нӣ» ва «Сарсухан»-и мураттиб — Садриддин Айнӣ шурӯъ шуда, аз 3 қисм иборат аст. Асари «Намунаи адабиёти тоҷик» зоҳиран ба тазкира шабоҳат дошта бошад ҳам, аз рӯйи методологияи тадқиқ аз он комилан фарқ мекунад.
Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» се қисми адабиётшиносӣ: назарияи адабиёт, таърихи адабиёт ва танқиди адабиро дарёфт кардан мумкин аст. Садриддин Айнй дар адабиётшиносии тоҷик нахустин касест, ки дар ин асар проблемаи таснифи давраҳои таърихи адабиётро ба миён гузошта, дар ин соҳа ба муҳаққиқони оянда роҳ кушод. «Намунаи адабиёти тоҷик» инчунин беасосии ақидаи баъзе шарқшиносони хориҷиро, ки адабиёти асрҳои 16—19 тоҷикро такрори адабиёти асрҳои 10—15 меномиданд, исбот намуд. Ин асар дар солҳои 20—30 чун китоби дарсии таърихи адабиёт дар роҳи Инқилоби маданӣ хизмати босазое кард, «Намунаи адабиёти тоҷик» баҳои баланди шарқшиносони маъруфи советӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла В. Э. Бертелс, Бобоҷон Faфуров, Н. С. Брагинский, Саид Нафисӣ, Иржи Бечкаро сазовор гаштааст.
Семинар бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО