БОЗДИДИ ДИРЕКТОРИ ДОНИШКАДА АЗ ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ
Директори донишкада Хурсанд Содиқзода аз факултети технологияҳои рақамӣ дидан намуд. Ин иқдом дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати огоҳ шудан аз вазъи ҷараёни таълим ва баланд бардоштани сифати таҳсилот роҳандозӣ гардид.
Дар доираи боздид директори донишкада таваҷҷуҳи асосӣ ба раванди таълиму тарбия ва омузиши илму касб намуда, ҳамзамон бо имконоти озмоишгоҳҳои факултет аз наздик шинос шуд.
Хурсанд Содиқзода бо устодону донишҷӯён суҳбати озод анҷом дода, доир ба шароити корӣ ва таҳсилу тадрис пурсон шуд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки раёсати донишкада ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзанда ва мусоид ба ҷомеаи меҳнатӣ ва муҳассилини ин боргоҳи маърифат тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.
Баланд бардоштани сифати таҳсилот, сатҳи таълим, таҳкими фаъолияти илмии устодон, тавсеа бахшидан ба иқтидори илмии донишкада, ҷалби ҷавонон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими нуфузи донишкада аз мавзуъҳои меҳварие буданд, ки роҳбарияти донишкада зимни мулоқот бо устодону донишҷӯён таъкид кард.
Директори донишкада нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зикр намуда, супоришҳои Роҳбари олии мамлакатро ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф ба устодону донишҷӯён хотиррасон намуд.
Гуфта шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар донишгоҳ минбаъд низ ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аҳамияти ҷиддӣ зоҳир гардида, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ мешавад.
Дар идома, вазифагузориҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд оид ба таъмини пешрафти фаъолият ва истифодаи усулҳои муосири таълим дар ҷараёни дарс ҳини суҳбати директори донишкада мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин бо ҳолати омодагӣ ба зимистонгузаронӣ факултет мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дода шуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО