ПАРЧАМИ МИЛЛӢ-МАКТАБИ ХУДШИНОСӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Парчами миллӣ яке аз муқаддастарин нишонаҳои давлатдории ҳар миллат ба шумор меравад. Барои кишвари азизамон ин рамз на танҳо нишонаи соҳибистиқлолӣ балки оинаи таърих, фарҳанг, ваҳдат ва худшиносии миллии мо мебошад. Парчам аз нахустин рӯзҳои таъсиси давлати тоҷикон то имрӯз ҳамчун рукни асосии муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва пос дошта шуда, дар ҳама маросиму чорабиниҳои давлатӣ мақому ҷойгоҳи намоён дорад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул гардида аз ҳамон рӯз то имрӯз ҳамчун рамзи муқаддаси кишвар ифтихормандона парафшон аст.
Таърихи давлатдории тоҷикон аз фарҳанг ва тамаддуни бостонии мо сарчашма мегирад. Дар давраҳои гуногун рамзҳо ва аломатҳое, буданд, ки намояндаи қудрати давлат ва иттиҳоди мардум маҳсуб мешуданд. Парчами имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳо ва рамзҳои худ ин идомаи мантиқии суннатҳои давлатдории тоҷикон аст. Рангҳои сабз, сафед ва сурх бо тарҳ ва маъноҳои чуқур интихоб шудаанд.
Ранги сурх-рамзи шуҷоату матонат, мубориза барои озодӣ ва ҷасорати ниёгон мебошад. Он ҳамчун ба ёд қаҳрамононе меорад, ки барои пойдории давлати тоҷикон ҷон нисор кардаанд.
Рангси сафед-рамзи покӣ, ростию ҳақиқат ва нияти нек аст. Ин ранг инчунин рамзи истиқлолияти миллӣ, сулҳ, ваҳдат ва талоши мардум ба сӯи равшанӣ ва пешрафт мебошад. Дар фарҳанги тоҷикӣ ранги сафед зиёда аз ҳазор сол аст, ки рамзи ободӣ ва фараҳмандӣ дониста мешавад.
Ранги сабз-рамзи табиати зебои Тоҷикистон, кишоварзӣ, рушди пойдорӣ ва навсозӣ мебошад. Ин ранг ҳамзамон ба фарҳанги кишоварзии тоҷикон ва эҳтироми онҳо ба баракату ризқ ишора мекунад. Сабз рангест, ки орзуи мардум ба зиндагии солим ва ояндаи осударо таҷассум мекунад.
Дар маркази ранги сафед тоҷ ва ҳафт ситора ҷойгир шудааст, ки яке аз рамзҳои асосии давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Тоҷ рамзи давлати соҳибистиқлол, ифтихор, шукӯҳ ва худшиносии миллӣ мебошад. Он нишон медиҳад, ки тоҷикон аз замонҳои қадим дорои фарҳангу тамаддун буданд ва имрӯз низ соҳибдавлат ва соҳибихтиёранд. Шумораи ҳафт дар фарҳанги тоҷикӣ рамзи камол, хушбахтӣ ва мувафаққият аст. Он бо ҳафт осмон, ҳафт сайёра ва ҳафт марҳилаи камолотӣ инсонӣ пайвандӣ дорад. Ситораҳои парчам ваҳдат ва якдилии мардумро дар атрофи тоҷ, яъне давлат таҷассум мекунанд.
Парчами Тоҷикистон дар солҳои душвори таърихи навини кишвар, давраи ҷанги шаҳрвандӣ қабул гардид. Ин парчам ҳамчун рамзи сулҳ, оромӣ ва иттиҳоди миллӣ дар барқарории давлати ҷавони соҳибистиқлол нақши муҳим бозид. Имрӯз он нишонаи муттаҳидии ҳамаи Тоҷикистониён мебошад, новобаста аз минтақа, ақида ва миллат. Парчами миллӣ дар ҳама ҷашнҳои давлатӣ, маросимҳои расмӣ, муассисҳои давлатӣ бо эҳтироми махсус барафрошта мешавад. Дар арсаи байналмилалӣ низ парчам Тоҷикистон бо ифтихор парафшон мешавад ва кишварро ҳамчун давлати орому соҳибистиқлол муаррифӣ менамояд.
Парчами давлати Тоҷикистон - таърихи ҳазорсолаи миллати тоҷик, фарҳангу тамаддун, сулҳу ваҳдат, ормонҳо ва умеди миллат ба сӯи ояндаи равшанро дар худ таҷассум мекунад. Барои ҳар як тоҷик эҳтиром ба парчам эҳтиром ба гузашта, имрӯз ва фардои кишвар ба ҳисоб меравад.
Парчами давлатӣ барои ҳар яки мо омӯзгорону шогирдон на танҳо рамзи давлат, балки мактаби худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва сабақи ватандӯстист. Мо вазифадорем, ки дар қалби насли наврас эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва ҳисси масъулиятро нисбат ба ояндаи кишвар тақвият бахшем.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Фарзона Низомитдинова,
устоди ДПДТТ ба номи академик
М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд