САҲМГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ ШАҲРИ ХУҶАНД
Субҳи имрӯз донишҷӯёни донишкада бо мақсади саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва тозагии шаҳри Хуҷанд ба хиёбону кӯчаҳои шаҳр баромада, ҳиссаи хешро дар тозагии муҳити зист гузоштанд.
Зимни ҳашарҳои дастҷамъона аз даромадгоҳи шаҳр, яъне хиёбони Исмоили Сомонӣ то ҳудуди бинои асосии донишкада атрофро алафҳои худрӯй, баргу хазон ва ҳар гуна партовҳо тоза намуданд. Ҷӯйборҳоро низ тоза карданд.
Ҳамчунин дар ҳудуди биноҳоҳои донишкада ва роҳҳои ҳамшафат гулҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Таъкид шуд, ки ҳадаф аз баргузор намудани чунин чорабиниҳо аз як ҷониб сазовор ҷашн гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва ҳифзи муҳити зист бошад, аз ҷониби дигар воситаи хуби тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани ҳисси эҳтиром ба ватану меҳан ва ҷойи зисту кор арзёбӣ мегардад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО