• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2024
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    ТАҶЛИЛ: "МЕҲРГОН-РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНӢ ВА МЕҲРУ САДОҚАТ
 ТАҶЛИЛ: "МЕҲРГОН-РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНӢ ВА МЕҲРУ САДОҚАТ
ТАҶЛИЛ: "МЕҲРГОН-РАМЗИ ВАҲДАТУ ЯГОНӢ ВА МЕҲРУ САДОҚАТ

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Иди Меҳргон ҳамоиш баргузор гардид.
Номаи табрикотии директори донишкада Шаҳриёр Саъдуллозода аз ҷониби Мазбут Холиқзода, муовини директор оид ба корҳои таълим ироа гардид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Идҳои суннатию таърихии аҷдодонамон маҳз дар замони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардиданд. Ва ҳар сол бо фаро расидани тирамоҳи зарин яке аз ин идҳои бузург- ҷашни Меҳргон бо шукӯҳу тантанаи хосса таҷлил мегардад. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих манша мегирад. «Меҳргон» рамзи тирамоҳи зарнисор ва айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад».
Сипас бахшида ба ҷашни Меҳргон озмунҳои гуногун баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд. Ба ғолибони озмун аз ҷониби роҳбарияти донишкада дипломҳо тақдим карда шуд.
Зикр гардид, ки «Меҳргон» иди ҷамъоварии ҳосили рӯёнидаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамуданд. Суфраи ҷашни «Меҳргон»-ро низ бо матое, ки ранги арғувонӣ дошт, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва хушбӯиҳо, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. «Меҳргон» таҷассуми суннатҳои неки инсонӣ буда, файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро бо шукӯҳу шаҳомати хосса инъикос менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 21

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 28.10.2025
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲАРГУНА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲАРГУНА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ТЕРРОРИСТИЮ ЭКСТРЕМИСТӢ
  • 28.10.2025
ОМӮЗИШИ ИСТИФОДАИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ
ОМӮЗИШИ ИСТИФОДАИ НИЗОМИ ЯГОНАИ ГАРДИШИ ҲУҶҶАТҲОИ ЭЛЕКТРОНӢ

Хабарҳои машҳур


  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2025 | Все права защищены