БАРГУЗОРИИ ҲАШАРҲОИ ДАСТҶАМЪОНА ДАР ДОНИШКАДА
Имрӯз, санаи 25.10.2025 чун анъана бо иштироки устодон, донишҷӯён ва кормандони донишкада шанбегии дастаҷамъона баҳри ободу зебо гардонидани Донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид.
Дар шанбегӣ аз ҷониби ҷомеаи меҳнатӣ ва донишҷӯёни Донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои Донишкада анҷом дода шуданд.
Бояд қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо ҳар ҳафта баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО