- 14.09.2025
ҲИССАГУЗОРӢ ДАР ОБОДОНИИ ШАҲР

Санаи 13-уми сентябри соли 2025 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободу зебо гардонидани маҳалҳо, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, гулгашту майдонҳо, ба истиқбол ва таҷлили ва ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар канори роҳи маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳр ва ҳудуди бинои таълимии донишкада бо ҷалби устодону донишҷӯёни донишкада шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.